https://sputnik.tj/20260506/tojikistonu-rusiya-gustarishi-hamkorihoi-gumanitari-talimi-1077320252.html
Саидзода дар суҳбат бо Патрушев ба ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён дар Русия таъкид кард
Саидзода дар суҳбат бо Патрушев ба ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён дар Русия таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шаванд
2026-05-06T11:41+0500
2026-05-06T11:41+0500
2026-05-06T11:59+0500
дар тоҷикистон
маориф
русия
ҳамкорӣ
таҳсил
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077320026_205:326:1927:1294_1920x0_80_0_0_26b526ad39988e5a7e4fb39228aa0d70.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май - Sputnik. Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар ҷумҳурӣ (Россотрудничество) Андрей Патрушев мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Ҷонибҳо дар ин дидор таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа дар щоли тавсеаёбист.Дар идомаи мулоқот вазири кишвар ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.Вазир таъкид кард, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад.Ҳамчунин дар ин дидор, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Вазири кишвар пешниҳод намуд, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад.Ҳамчунин вазир пешниҳод кард, ки бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, механизми ҳамоҳангсозии муштарак миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/46746
https://sputnik.tj/20260322/rossotrudnichestvo-maktab-donishgoh-tojikiston-kitob-tuhfa-1076233203.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077320026_118:0:1938:1365_1920x0_80_0_0_54ff54cf0d2a2b90fcf42435fbc9717a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, русия, ҳамкорӣ, таҳсил, вазорати маорифу илми тоҷикистон
дар тоҷикистон, маориф, русия, ҳамкорӣ, таҳсил, вазорати маорифу илми тоҷикистон
Саидзода дар суҳбат бо Патрушев ба ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён дар Русия таъкид кард
11:41 06.05.2026 (Навсозишуда: 11:59 06.05.2026) Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шаванд
ДУШАНБЕ, 5 май - Sputnik. Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар ҷумҳурӣ (Россотрудничество) Андрей Патрушев мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷонибҳо дар ин дидор таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа дар щоли тавсеаёбист.
Дар идомаи мулоқот вазири кишвар ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Вазир таъкид кард, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад.
Ҳамчунин дар ин дидор, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири кишвар пешниҳод намуд, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Ҳамчунин вазир пешниҳод кард, ки бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, механизми ҳамоҳангсозии муштарак миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.