ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Президенти Финландия Александр Стубб дар мусоҳиба бо “Helsingin Sanomat” изҳор дошт, ки Аврупо барои боздоштани Русия ба Украина ниёз дорад.
Ӯ дар ин суҳбат ниёзи Аврупо ба Украинаро ба таҳдидҳои Маскав рабт дод.
"Аврупо ба Украина ниёз дорад, то Русияро боздорад, зеро ҳатто пас аз анҷоми ҷанг, таҳдиди Русия аз байн нахоҳад рафт. Мо аз узвият ҳам дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳам НАТО будани Украина манфиатдорем", - афзуд Стубб.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин шарҳ додааст, ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад, аммо сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам аҳолии худро бо таҳдиди хаёлии Русия метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ дур кунанд.
Нашрияи Politico бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки бисёре аз аъзои калидии Иттиҳодияи Аврупо, бахусус Олмон, Нидерландия ва Италия, аз муҳокимаи пайвастани Украина ба Иттиҳод дар ояндаи наздик худдорӣ мекунанд.