Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Президенти Финландия гуфт чаро Украина ба Аврупро лозим аст

© REUTERS /Eva KorinkovaПрезидент Финляндии Александр Стубб выступает на пресс-конференции в Праге, Чехия, 4 мая 2026 года.
Президент Финляндии Александр Стубб выступает на пресс-конференции в Праге, Чехия, 4 мая 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2026
Обуна шудан
Президенти Финландия Стубб, ахиран гуфт, ки Аврупо ба Украина ниёз дорад, то Русияро боздорад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Президенти Финландия Александр Стубб дар мусоҳиба бо “Helsingin Sanomat” изҳор дошт, ки Аврупо барои боздоштани Русия ба Украина ниёз дорад.
Ӯ дар ин суҳбат ниёзи Аврупо ба Украинаро ба таҳдидҳои Маскав рабт дод.
"Аврупо ба Украина ниёз дорад, то Русияро боздорад, зеро ҳатто пас аз анҷоми ҷанг, таҳдиди Русия аз байн нахоҳад рафт. Мо аз узвият ҳам дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳам НАТО будани Украина манфиатдорем", - афзуд Стубб.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин шарҳ додааст, ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад, аммо сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам аҳолии худро бо таҳдиди хаёлии Русия метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ дур кунанд.
Министерство обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маркази Киев нобуд мешавад: Ҳушдори вазорати дифои Русия ба Украина
Нашрияи Politico бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки бисёре аз аъзои калидии Иттиҳодияи Аврупо, бахусус Олмон, Нидерландия ва Италия, аз муҳокимаи пайвастани Украина ба Иттиҳод дар ояндаи наздик худдорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0