ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Дар охири моҳи апрел, ширкати " Роҳи оҳани Қазоқистон" дархостҳо барои транзити гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистонро тавассути ҳудуди Қазоқистон рад кард.
Дар ин бора Telegram канали "Нафт ва гази Қазоқистон. Далелҳо ва шарҳҳо" хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки ин қарор бо дархости ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сурат гирифтааст.
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар додааст, ки қатъи транзит бинобар сарбории зерсохтор, ки дар он вагонҳои боркаши зиёд ҷамъ шудааст, ба вуҷуд омадааст.
Қайд карда шудааст, ки дар охири моҳи апрел аз ҷониби таъминкунандагони Русия нархи гази моеъ боло рафтааст. Ҳамин тавр, нархи интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ боло рафтааст.
Қайд карда мешавад, ки Русия метавонад бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон дар соли соли равон 50 ҳазор тонна гази моеъ содирот намояд.
Агар ба Тоҷикистон бештар аз 50 ҳазор тонна гази моеъ ворид шавад, нархҳо дар ин сурат метавонанд дар аввали моҳи май боз ҳам боло раванд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин ниҳод, бузургтарин таъминкунандаи гази моеъ дар Тоҷикистон, "Тенгизшевройл", барои интиқоли моҳи май ягон миқдори газ барои содирот пешниҳод накардааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз 1 то 27 апрел ба Тоҷикистон 25 700 тонна газ интиқол дода шудааст, ки 20 700 тоннаи онро ширкати "Тенгизшевройл" таъмин таъмин намудааст.