Таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо гази моеъ кишварҳои узви ИИАО ҳастанд

© APТанкер со сжиженным газом. Иллюстративное фото
Танкер со сжиженным газом. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2026
Обуна шудан
Воридкунандагони асосии гази моеъ аз миёни кишварҳои ИИАО Русия ва Қаҳоқистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Кишварҳои узви ИИАО таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо гази моеъ мебошанд.
Дар ин бора, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тавр, давоми соли 2025 воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба миқдори:
210 ҳазор тонна ё 60% аз Қазоқистон,
139 ҳазор тона ё 39,7% аз Русия,
548 тонна ё 0,2% аз Туркманистон сурат гирифтааст.
Ҳамчунин соли гузашта 15 субъект ба Тоҷикистон қариби 350 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 239 млн доллар ворид кардаанд.
Нархи миёна 683 доллар барои як тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли пешӣ ҳамагӣ 2 доллар бештар мебошад, иттилоъ дод Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
Ҳаҷми воридоти гази моеъ қариби 19 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, афзуд манбаъ.
Қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли нафт ва гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2025 дар маҷмӯъ 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 180 ҳазор тонна зиёдтар аст. Афзоиш 17,5% -ро ташкил медиҳад.
Ведущий эксперт Фонда национальной энергетической безопасности, преподаватель Финансового университета при Правительстве РФ Игорь Юшков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2026
Коршинос: Нархи нафт дар бозорҳои ИИАО дар соли 2026 устувор хоҳад буд
Бино ба пешгӯии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, қариб нисфи иқтисоди Тоҷикистон аз воридот вобаста аст.
Лентаи хабарҳо
0