Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд: Ӯ кист?

Сармурабии нави мунтахаби Тоҷикистон дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2май - Sputnik. Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Дар ин бораи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ФФФТ мутахассисо македонӣ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Иттилоъ дода шудааст, ки қаблан Ангеловский мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ кард ва онро дар соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ Ангеловский бо "Работнички" дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст.
Ӯ инчунин дар дастаҳои "Горитса" (Хорватия), "Каспий" (Қазоқистон) ва "Этникос Ахнас" (Кипр) кор кардааст.
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Ёдовар мешавем, ки матхассиси македонӣ Игор Ангеловский дар ин вазифа Горан Стеванович, мутахассиси 58-солаи сербистониро иваз кард, ки ӯ чанде пеш аз вазифаи сармураббии тими миллии кишвар канор рафт.
ФФТ 15-уми апрел сабаби тарки даста кардани Стевановичро ба тамом шудани муҳлати шартномааш рабт дод.
Қаблан расонаҳо аз рафтани Стеванович аз тими миллии Тоҷикистон хабар дода, сабаби онро ба созиш нарасидани мураббӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи тамдиди шартнома гуфта буданд.
Стеванович тирамоҳи соли 2025 сармураббии тими миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё -2027 меравад.