ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Санаи тахминии ҷашни Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шудааст.
Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки имсол ин ид 27 май ҷашн гирифта мешавад.
Санаи дақиқ расман дар ҷаласаи Шӯрои уламо, ки як ҳафта пеш аз ид баргузор мешавад, эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, ҳадяи идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.