ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гузориши Оҷонсии омори кишвар, афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ дар моҳи аввали соли равон ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ - март ба масоҳати умумии 380,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар бештар аст.
Оҷонсӣ ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳоро ба тариқи зайл чунин тавсиф кардааст:
дар шаҳри Душанбе – 145,1 ҳазор метри мураббаъ (38,1%),
дар вилояти Хатлон – 84,1 ҳазор метри мураббаъ (22,1%),
дар вилояти Суғд – 107 ҳазор метри мураббаъ (28,1%),
дар НТҶ – 40,8 ҳазор метри мураббаъ ё 10,7%.
дар ВМКБ 3,7 ҳазор метри мураббаъ ё 1%.
Таъкид мешавад, ки дар ин муддат 2 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4226 ҷойи талаба, сохта ба истифода дода шудаанд.
Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣдар моҳҳои январ бо қувваи худ ба маблағи 4723,7 млн сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2025-ум 1251,2 млн сомонӣ зиёд будааст.
Қаблан Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар гуфта буд, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе гаронӣ мушоҳида мешавад, ки беш аз 800 доллар барои як метри мураббаъ аст.
Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи аввали соли ҷорӣ 5000 сомониро ташкил кардааст.