ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Грушко ахиран гуфт, ки агар сиёсати пешгирифтаи сарвазири собиқи Маҷористон Виктор Орбан дар бахши энергетикӣ ва худдорӣ аз маблағгузории режими Киев идома ёбад, равобит байни Русия ва Маҷористон боқӣ хоҳад монд.
"Агар Маҷористон ба самти ҳамкории энергетикӣ ва ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ идома диҳад, агар Маҷористон аз таъмини силоҳ (ба Украина) худдорӣ кунад ва агар режими Киевро маблағгузорӣ накунад, пас асоси бунёди муносибатҳо боқӣ хоҳад монд. Мо аз ин пеш хоҳем рафт", - гуфт Грушко ба хабаргузории Вести.
Интихоботи парлумонӣ дар Маҷористон 12 апрел баргузор шуд, ки дар он ҳизби Тиса, ки онро Петер Мадяр роҳбарӣ мекунад, аз ҳизби Фидес Виктор Орбан ба таври назаррас пеш гузашт.
Ҳамин тавр дар Виктор Орбан сарвазир дар интихобот ноком шуд ва курсии сарвазирори ба Петер Мадяр супурд.
Сипас Петер Мадяр пас аз пирузиаш эълон кард, ки ҳамкориҳояшро бо Маскав идома хоҳад дод.