https://sputnik.tj/20260427/kormand-kushta-hamla-artishi-ukraina-nerugohi-hastaii-zaparozhie-1077117232.html
Як корманд кушта шуд: Ҳамлаи артиши Украина ба нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запарожие
Як корманд кушта шуд: Ҳамлаи артиши Украина ба нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запарожие
Sputnik Тоҷикистон
Як корманди Нерӯгоҳи барқи ҳасатаи Запорожие дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии артиши Украина ба нерӯгоҳ кушта шуд
2026-04-27T14:20+0500
2026-04-27T14:20+0500
2026-04-27T14:27+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
паҳпод
ҳастаӣ
нерӯгоҳ
кушта
зарба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1b/1077117414_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6c4edda772597f5acdf17f884342566b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Як корманди нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожие тавасути ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ кушта шудааст, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти нерӯгоҳ."Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳудуди коргоҳи нақлиётӣ, ронанда кушта шуд", - навиштааст ин манбаъ.Роҳбарият ваъда дод,ки ба оилаи коргар кумак мерасонад."Ин як талафоти даҳшатнок ва ҷуброннопазир аст. Мо бо оила ва дӯстони фавтида ҳамдардӣ баён мекунем. Ҳар гуна ҳамла на танҳо барои одамон, балки барои амният умуман таҳдид аст. Зарба ба ҳаёт ва оянда аст", - афзуданд кормандони нерӯгоҳ.Тавре ки ин манбаъ ба РИА Новости хабар дод, макони ҳамла дар минтақаи саноатӣ берун аз макони саноатии нерӯгоҳ ҷойгир аст.Нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожие дар соҳили чапи дарёи Днепр, дар наздикии шаҳри Энергодар ҷойгир аст. Дар моҳи октябри соли 2022 он таҳти назорати мутахассисони рус қарор гирифт. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки манбаи аслии таҳдид ба нерӯгоҳ ва коргарони он амалҳои беандешонаи ҷангиёни украинӣ аст, ки қариб ҳар рӯз ба инфрасохтори иншоот ва Энергодар ҳамла мекунанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54749
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1b/1077117414_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_7b2345ce9be076736d691814cdc2b370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, паҳпод, ҳастаӣ, нерӯгоҳ, кушта, зарба
украина, амалиёти вижа, паҳпод, ҳастаӣ, нерӯгоҳ, кушта, зарба
Як корманд кушта шуд: Ҳамлаи артиши Украина ба нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запарожие
14:20 27.04.2026 (Навсозишуда: 14:27 27.04.2026) Як корманди Нерӯгоҳи барқи ҳасатаи Запорожие дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии артиши Украина ба нерӯгоҳ кушта шуд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Як корманди нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожие тавасути ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ кушта шудааст, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти нерӯгоҳ.
"Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳудуди коргоҳи нақлиётӣ, ронанда кушта шуд", - навиштааст ин манбаъ.
Роҳбарият ваъда дод,ки ба оилаи коргар кумак мерасонад.
"Ин як талафоти даҳшатнок ва ҷуброннопазир аст. Мо бо оила ва дӯстони фавтида ҳамдардӣ баён мекунем. Ҳар гуна ҳамла на танҳо барои одамон, балки барои амният умуман таҳдид аст. Зарба ба ҳаёт ва оянда аст", - афзуданд кормандони нерӯгоҳ.
Тавре ки ин манбаъ ба РИА Новости хабар дод, макони ҳамла дар минтақаи саноатӣ берун аз макони саноатии нерӯгоҳ ҷойгир аст.
Нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожие дар соҳили чапи дарёи Днепр, дар наздикии шаҳри Энергодар ҷойгир аст. Дар моҳи октябри соли 2022 он таҳти назорати мутахассисони рус қарор гирифт. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки манбаи аслии таҳдид ба нерӯгоҳ ва коргарони он амалҳои беандешонаи ҷангиёни украинӣ аст, ки қариб ҳар рӯз ба инфрасохтори иншоот ва Энергодар ҳамла мекунанд.