Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшту тухм афзудааст

Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол истеҳсоли гӯшти чорво тухм афзоиш ёфтааст, ки бештари он дар Хатлон ба даст омадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Аз аввали соли 2026 дар Тоҷикистон тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд афзоиш ёфтааст.
Ба гузори Оҷонси момори кишвар тайи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳама категорияи хоҷагиҳои кишвар 54667 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст
Ба иттилои манбаъ, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5%-ро ташкил дод.
Афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 10,2%, Суғд 13,9%, ВМКБ 2,7% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,5% зиёд шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи категорияи хоҷагиҳо ба 10865 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8% зиёд мебошад.
Маълум шуд, ки бештири маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар кадом вилоят истеҳсол мешавад
Таъкид шудааст, ки зиёдшавии истеҳсоли гӯшти паранда дар вилояти Хатлон 45,8%, Суғд 20,1 ва ВМКБ 0,6%-ро ташкил медиҳад
Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумоти идорахои дахлдори бахши иқтисодии ҷумҳурӣ тамоюли афзудани истеҳсоли гӯшти парранда, асосан аз ҳисоби гӯшти мурғ мушоҳида мешавад, аммо он ҳанӯз талаботи дохилиро пурра қонеъ карда наметавонад.
Итеҳсоли тухм низ дар ин давра 2,1% афзоиш ёфтааст. Дар кишвар тайи се моҳи гузашта беш аз 31 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст.
Хатлон ва НТМ аз манотииқи кишвар ҳастанд, ки бештар тухм истеҳсол карда, 6% афзоишро ба даст овардаанд. Нишондиҳандаҳо дар ВМКБ 2,1% ва Суғд 0,3% афзоишро нишон медиҳад.