https://sputnik.tj/20260426/malum-beshtir-mahsulot-sanoat-tojikiston-viloyat-istehsol-1077095968.html
Маълум шуд, ки бештири маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар кадом вилоят истеҳсол мешавад
Маълум шуд, ки бештири маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар кадом вилоят истеҳсол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад 26.04.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-04-26T12:16+0500
2026-04-26T12:16+0500
2026-04-26T12:16+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
истеҳсол
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1e/1076462815_0:78:2048:1230_1920x0_80_0_0_48e1c89c84914b794192f910f265907d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,1% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора, дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.Тибқи додаҳои ин ниҳод, ки қариб аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст, ки 64,2%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.Дар дигар минтақаҳо:Хатлон - 18,4%,НТМ - 6,7%,Душанбе - 10,4%,ВМКБ - 0,3%.Ба иттилои Агентии омор суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (18,8% нисбат ба январ – марти соли 2025), вилояти Хатлон (10%), шаҳри Душанбе (19,1%) баланд гардида, дар НТҶ ба 81,7% ва ВМКБ бошад, ба 6,3% баробар гардид.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар се моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 365 адад, коркард 3433 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.БАОР сабаби рушди қавии иқтисоди Тоҷикистонро гуфтАз ин шумора 1321 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 924 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 837 адад (21,1%) – ба шаҳри Душанбе, 693 адад (17,4%) – ба НТҶ ва 197 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.
https://sputnik.tj/20260424/nbo-norak-istehsoli-barq-rahmon-charkhai-navsozishudar-istifoda-1077057421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1e/1076462815_23:0:1843:1365_1920x0_80_0_0_17ce05200012d742fa4688920eb39147.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, истеҳсол, саноат
дар тоҷикистон, иқтисод, истеҳсол, саноат
Маълум шуд, ки бештири маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар кадом вилоят истеҳсол мешавад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,1% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.
Тибқи додаҳои ин ниҳод, ки қариб аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст, ки 64,2%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Агентии омор суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (18,8% нисбат ба январ – марти соли 2025), вилояти Хатлон (10%), шаҳри Душанбе (19,1%) баланд гардида, дар НТҶ ба 81,7% ва ВМКБ бошад, ба 6,3% баробар гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар се моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 365 адад, коркард 3433 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1321 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 924 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 837 адад (21,1%) – ба шаҳри Душанбе, 693 адад (17,4%) – ба НТҶ ва 197 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.