Маълум шуд, ки бештири маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар кадом вилоят истеҳсол мешавад

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,1% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, дар гузориши Агентии омори ҷумҳурӣ гуфта шудааст.
Тибқи додаҳои ин ниҳод, ки қариб аз се ду ҳиссаи тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст, ки 64,2%-и ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар дигар минтақаҳо:
Хатлон - 18,4%,
НТМ - 6,7%,
Душанбе - 10,4%,
ВМКБ - 0,3%.
Ба иттилои Агентии омор суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (18,8% нисбат ба январ – марти соли 2025), вилояти Хатлон (10%), шаҳри Душанбе (19,1%) баланд гардида, дар НТҶ ба 81,7% ва ВМКБ бошад, ба 6,3% баробар гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 1535,56 сомониро ташкил медиҳад.
Дар НБО “Норак” истеҳсоли барқ зиёд мешавад: Раҳмон чархаи навсозишударо ба истифода дод
Ҳамчунин дар се моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 365 адад, коркард 3433 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 102 адад фаъолият намудаанд.
БАОР сабаби рушди қавии иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Аз ин шумора 1321 адад (33,3% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 924 адад (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 837 адад (21,1%) – ба шаҳри Душанбе, 693 адад (17,4%) – ба НТҶ ва 197 адад (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.