ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 НБО “Норак”, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ ба истифода дод.
Нахуст раҳбари кишвар бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норак ро, ки аз ҷониби соҳибкор Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.
Сипас бинои нави танзимгарон, ташхисгоҳ ва мошинсарой барои мутахассисоне буд, ки дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ масъуланд ифтитоҳ кард.
Мақсад аз бунёди иншоот барқарорсозиии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳри Норак арзёбӣ гардид.
Инчунин раҳбари кишвар дар деҳоти Лангар, корхонаи парандапарварии Мурғи гӯштӣ ба истифода дод.
Ҳамчунин Раҳмон ду муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак дар деҳаи Чал-Чал ва Чашма ба ифтитоҳ намуд.
Инчунин кормандони шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Норак дар бинои нав ба фаъолият оғоз намуд.
Ба таври фосилавӣ бинои нави фуруши молҳои ниёзи мардум ва фурӯши сабзавоти тару тоза дар бозори Рамзи Норак ифтитоҳ ёфт, ки дар он 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ду иншооти дигар майдончаи варзишӣ ва коргоҳи хурди истеҳсоли бетон дар назди корхонаи Дӯкон дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ ба истифода дода шуд.
Ба раисҷумҳури кишвар дар ҳамин ҷо лоиҳаи осоишгоҳи муосири табобатӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, ки дар соҳили зебоманзари дарёи Вахш ҷойгир хоҳад шуд, муаррифӣ гардид.
Осоишгоҳ барои қабули зиёда аз сад кас дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он даҳҳо сокини маҳалӣ соҳиб кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҳоло сохтмони се муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 900 кӯдак дар шаҳри Норак идома дорад, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.