ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон дар НБО “Норак” агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии "Норак"-ро ба истифода дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ ва таҷдид моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Қайд карда шудааст, ки дар доираи ин лоиҳа таҷҳизоти асосии гидроагрегат пурра нав карда шуда, технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ҷорӣ гардиданд.
“Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки кори агрегат боэътимод ва самаранок ба роҳ монда шуда, муҳлати истифодаи он барои солҳои зиёд таъмин гардад”, - зикр кардааст Хадамоти матбуоти президент.
Қайд карда шудааст, ки маблағгузории навсозии гидроагрегати рақами ҳафт дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ барои татбиқи ин лоиҳаи 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб карда шуда, ҳамзамон 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона гардид.
“Ин тарзи маблағгузорӣ имконият фароҳам овард, ки корҳои навсозӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфта, самаранокии фаъолияти неругоҳ ба таври назаррас баланд бардошта шавад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ илова кардааст, ки пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзоиш ёфт. Он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Корҳои навсозии таҷҳизоти неругоҳи "Норак" соли 2019 оғоз ёфта, то ин вақт 3 агрегати он пурра иваз шудааст. Ҳамчунин, таҷҳизоти зиёди ёрирасон мавриди навсозӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи навсозии 3 агрегат тавоноии неругоҳ 260 МВт зиёд шуд, ки ин аз иқтидори пурраи неругоҳи "Сангтуда-2" бештар мебошад.
Ҳоло навсозии агрегати чоруми неругоҳ бо маҷмуи таҷҳизоти ёрирасони он идома дорад.
Дар маҷмуъ тибқи лоиҳаи навсозии неругоҳ ҳамаи агрегатҳои он бо харҷи 750 миллион доллари амрикоӣ то соли 2032 нав карда мешаванд.
Ҳамчунин, бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ навсозии ҳамаи неругоҳҳои барқии мавҷудаи Тоҷикистон навсозӣ шуда истодаанд, ки ба ин восита муҳлати хизмати онҳо 70-80 соли дигар тамдид меёбад.