ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи электроэнергетикаро баррасӣ кард.
Ба иттилои вазоарти энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ RES-2026 дар шаҳри Остона сурат гирифт.
Ба иттилои вазорат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Инчунин масъалаи воридоту содироти неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва мавсими серобӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба идомаи ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд”, - қайд кардааст вазорати энергетика.
Ҳамчунин дар ин дидор таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика изҳор доштанд.