https://sputnik.tj/20260423/tojikiston-qazoqiston-voridotu-sodirot-barqro-barrasi-1077031857.html
Тоҷикистону Қазоқистон масъалаи воридоту содироти мавсимии неруи барқро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қазоқистон масъалаи воридоту содироти мавсимии неруи барқро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қазоқистон омодаанд барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика ҳамкорӣ кунанд
2026-04-23T13:41+0500
2026-04-23T13:41+0500
2026-04-23T14:00+0500
энергетика
барқ
қазоқистон
дар тоҷикистон
равобит
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_20:0:1202:665_1920x0_80_0_0_f576b0508f11f0e4f77d133082608ca1.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи электроэнергетикаро баррасӣ кард.Ба иттилои вазоарти энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ RES-2026 дар шаҳри Остона сурат гирифт.Ба иттилои вазорат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин дар ин дидор таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд.Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика изҳор доштанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54395
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_92:0:979:665_1920x0_80_0_0_8985a86d9d3f2ec9fdd45249a3520272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
энергетика, барқ, қазоқистон, дар тоҷикистон, равобит, ҳамкорӣ
энергетика, барқ, қазоқистон, дар тоҷикистон, равобит, ҳамкорӣ
Тоҷикистону Қазоқистон масъалаи воридоту содироти мавсимии неруи барқро баррасӣ карданд
13:41 23.04.2026 (Навсозишуда: 14:00 23.04.2026) Тоҷикистону Қазоқистон омодаанд барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика ҳамкорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи электроэнергетикаро баррасӣ кард.
Ба иттилои вазоарти энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ RES-2026 дар шаҳри Остона сурат гирифт.
Ба иттилои вазорат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Инчунин масъалаи воридоту содироти неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва мавсими серобӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба идомаи ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд”, - қайд кардааст вазорати энергетика.
Ҳамчунин дар ин дидор таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар энергетика изҳор доштанд.