Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ аз ҷумла КДАМ ва Вазорати дифоъ тағйироти кадрӣ анҷом дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба як қатор сохторҳои қудратӣ ва Кумитаҳои давлатӣ кадрҳои нав таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ раҳмон кадҳоеро, ки ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар ин дидор раисҷумҳури кишвар ба кадрҳои нави Вазорати дифоъ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дастур дод, ки ба таъмини амнияту субот ва ҳимояи марзу буми Ватан, аз ҳарвақта дида бештар такмили омодабошии ҷангӣ бошанд.
Ҳамчунин раҳбари кишвар талаб кард, ки сабабу омилҳои халалдоркунандаи фаъолияти муназзами хизматӣ дар воҳидҳои низомӣ бартараф шаванд, қонунвайронкунӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ пешгирӣ шавад.
Дар мулоқот инчунин тарбияи наваскарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши техникаи муосири ҷангӣ ва забонҳои хориҷӣ, тарбия ва машғулиятҳои обутоби бадан, таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо маводу ашёи зарурӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Хадамоти матбуот хабар додааст, ки қарорҳо дар бораи қатъи ваколати судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ ва интихоб шудани Қодирзода Ҷурабек Шариф ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсис Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ
Ҳамчунин қарори бозхонди Аминзода Сайдабону Рустам бино бар расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Дар якчанд сохторҳои Вазорати дифоъ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони баъзе отряду дигар воҳидҳои низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
“Фаъолияти мақомоти марбута дар самти пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар молу маҳсулот аз ҳар як марзбон ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоатро талаб менамояд. Кашфи фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорӣ бояд ҳаматарфа мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, роҳу усулҳои мураккабу пешгӯинашавандаи қочоқчиён ошкор, пешгирӣ ва бартараф карда шаванд,” -таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.