ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молиявии КИАО, гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба устувории низом ва истиқлолияти молиявӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷорати мутақобила тамаркуз мекунанд ва ин натиҷаҳои назаррас медиҳад.
"Имрӯз ҳиссаи пардохтҳои мутақобила бо асъори миллӣ барои содирот ва воридоти молҳо ва хизматрасониҳо байни кишварҳои ИИАО ба 93% расидааст. Ин натиҷаи кори мунтазам барои эҷоди бозори умумии молиявӣ ва кам кардани хатарҳо дар пардохтҳои фаромарзӣ мебошад", -- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин рақам рекордӣ аст, ки кишварҳои узв дар ҳисоббаробаркуниҳо аз асъорҳои миллӣ истифода мекунанд.
Вазир қайд кард, ки афзоиши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ба васеъшавии ҷуғрофияи созишномаҳои тиҷоратӣ рабт дорад.
Вазир афзуд, ки ин бо назардошти тағйирёбии логистика ва муносибатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки барои ҳамоҳангсозии ташаббусҳои "Як камарбанд - як роҳ" ва "Шарикии бузурги АвруОсиё" равона шудаанд, махсусан муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.