https://sputnik.tj/20260423/pardokhtho-asori-milli-iiao-rekord-1077018522.html
Пардохтҳо бо асъори миллӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба сатҳи рекордӣ расид
Пардохтҳо бо асъори миллӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба сатҳи рекордӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), ҳиссаи истифодаи асъори миллӣ миёни кишварҳои узви ИИАО дар содирот ва воридоти молҳо ба 93% расидааст
2026-04-23T11:41+0500
2026-04-23T11:41+0500
2026-04-23T11:41+0500
русия
ииао
авруосиё
иқтисод
пули миллӣ
ҳисоббаробаркунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076336266_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_9476d5505ae99fd08065f3d3167290ce.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молиявии КИАО, гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба устувории низом ва истиқлолияти молиявӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷорати мутақобила тамаркуз мекунанд ва ин натиҷаҳои назаррас медиҳад."Имрӯз ҳиссаи пардохтҳои мутақобила бо асъори миллӣ барои содирот ва воридоти молҳо ва хизматрасониҳо байни кишварҳои ИИАО ба 93% расидааст. Ин натиҷаи кори мунтазам барои эҷоди бозори умумии молиявӣ ва кам кардани хатарҳо дар пардохтҳои фаромарзӣ мебошад", -- гуфт ӯ.Ба гуфтаи вай, ин рақам рекордӣ аст, ки кишварҳои узв дар ҳисоббаробаркуниҳо аз асъорҳои миллӣ истифода мекунанд.Вазир қайд кард, ки афзоиши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ба васеъшавии ҷуғрофияи созишномаҳои тиҷоратӣ рабт дорад.Вазир афзуд, ки ин бо назардошти тағйирёбии логистика ва муносибатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки барои ҳамоҳангсозии ташаббусҳои "Як камарбанд - як роҳ" ва "Шарикии бузурги АвруОсиё" равона шудаанд, махсусан муҳим аст.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260422/barsegyan-uzbekiston-davlati-nozir-iiao-maqomi-muhim-1076996762.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076336266_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b2cf7113937b5387610f8f9c7acbd8aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, авруосиё, иқтисод, пули миллӣ, ҳисоббаробаркунӣ
русия, ииао, авруосиё, иқтисод, пули миллӣ, ҳисоббаробаркунӣ
Пардохтҳо бо асъори миллӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба сатҳи рекордӣ расид
Ба гуфтаи вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), ҳиссаи истифодаи асъори миллӣ миёни кишварҳои узви ИИАО дар содирот ва воридоти молҳо ба 93% расидааст
ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молиявии КИАО, гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба устувории низом ва истиқлолияти молиявӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷорати мутақобила тамаркуз мекунанд ва ин натиҷаҳои назаррас медиҳад.
"Имрӯз ҳиссаи пардохтҳои мутақобила бо асъори миллӣ барои содирот ва воридоти молҳо ва хизматрасониҳо байни кишварҳои ИИАО ба 93% расидааст. Ин натиҷаи кори мунтазам барои эҷоди бозори умумии молиявӣ ва кам кардани хатарҳо дар пардохтҳои фаромарзӣ мебошад", -- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин рақам рекордӣ аст, ки кишварҳои узв дар ҳисоббаробаркуниҳо аз асъорҳои миллӣ истифода мекунанд.
Вазир қайд кард, ки афзоиши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ба васеъшавии ҷуғрофияи созишномаҳои тиҷоратӣ рабт дорад.
Вазир афзуд, ки ин бо назардошти тағйирёбии логистика ва муносибатҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки барои ҳамоҳангсозии ташаббусҳои "Як камарбанд - як роҳ" ва "Шарикии бузурги АвруОсиё" равона шудаанд, махсусан муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.