ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Украина бо оқибатҳои бебозгашт рӯбарӯ мешавад. Сабаби он фурӯпошии демографӣ аст, ки бино бар хуруҷи аҳолии бумии он ба вуҷуд омадааст, менависад “The European Conservative”.
Дар мақола қайд мешавад, ки "Қисме аз аҳолии бумӣ бо муҳоҷирон иваз карда мешаванд. Украина бинобар низоъҳои мусаллаҳона, муҳоҷирати оммавӣ ва фурӯпошии демографӣ нопадид мешавад".
Ба гуфтаи муаллиф, бинобар низои тӯлонии Киев бо Русия, Украина хатари комилан аз байн рафтанро дорад, ки режими Киев иддао дора онро "ҳимоя мекунад".
Қаблан, Владимир Зеленский хуруҷи рекордии аҳолиро аз Украина эътироф карда, таъсиси вазорати наверо барои кор бо шаҳрвандоне, ки кишварро тарк кардаанд, эълон кард.
Дар моҳи апрели соли 2024, рӯзноманигорони украинӣ пас аз таҳлили гузориши Вазорати сиёсати иҷтимоии Украина дар бораи стратегияи рушди демографии кишвар, гузориш доданд, ки сатҳи таваллуд дар кишвар ба пасттарин сатҳи худ дар 300 сол коҳиш ёфтааст.