Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Иқдомҳои даҳшатнок": Ғарб ба нақшаи Украина дар бораи Донбасс посух дод

Нашрияи Spiegel менависад, ки иваз кардани номи Донбасс ба шарафи Трамп ба Украина кӯмак намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Нашрияи олмонии “Der Spiegel” менависад, ки эҳтимол дорад, ки пешниҳодҳои сиёсии Киев ба президенти ИМА Доналд Трамп ба Украина кумак нахоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш нашрияи “The New York Times” хабар дод, ки мақомоти Украина ба амрикоиҳо пешниҳод кардааст, ки номи қисме аз Донбассро, ки таҳти назорати Украина аст ба "Донниленд" ба шарафи президенти кунунии ИМА тағйир диҳанд.
"Украинагиҳо - агар лозим бошад - омодаанд, ки ҳатто ғояҳои ваҳшиёнаро муҳокима кунанд, новобаста аз он ки онҳо то чӣ андоза афсонавӣ ба назар мерасанд. Хабар дода шудааст, ки мақомоти Украина пешниҳод кардаанд, ки қисме аз Донбассро "Донниленд" номгузорӣ кунанд. Чунин пешниҳодҳои рамзии сиёсӣ эҳтимолан вақте ки кор душвор мешавад, кумаки зиёд нахоҳанд кард", - изҳор медорад нашрия.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина маҳбусони собиқро ба вилояти Суми интиқол додааст
Рӯзи сешанбе “The New York Times” бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки музокиракунандагони украинӣ мехоҳанд қисмати таҳти назорати Украина дар Донбассро барои хушнуд кардани раҳбари Амрико "Донниленд" номгузорӣ кунанд.
Тавре ки рӯзнома қайд кард, Киев мехост Трампро водор кунад, ки фишорро ба Маскав дар мавриди моликияти минтақа афзоиш диҳад.