Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир

Вазири дифои Тоҷикистону Эрон дар суҳбати телефонӣ чиро баррасӣ карданд

Генерал Обин Алиризо бо вазирони дифоъи Покистону Тоҷикистон музокироти алоҳида анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Генерали Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, Обин Алиризо, сарпарасти вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар сӯҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ бо вазирони дифои Покистон ва Тоҷикистон таҳаввулоти охирини марбут ба таҷовузҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон, инчунин муносибатҳои дуҷониба ва ҳамоҳангиро баррасӣ кард.
Тавре сомонаи "ИқтисодНюз" Дар сӯҳбат бо генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон генерали эронӣ, аз мавқеъи сиёсӣ ва кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон дар пуштибонӣ аз ҳукумат ва миллати Эрон изҳори сипос кард.
Ҳамзамон вазири дифои Эрон бо Хоҷа Осиф Муҳаммад, вазири дифоъи Покистон гуфтугӯ кард.
Вай дар суҳбат бо вазири дифои Покистон ба зарурати ҳамкории мутақобила барои эҷоди сулҳу суботи минтақавӣ ва нақши бештар ва ҳамоҳангӣ барои ноил шудан ба амнияти устувори минтақавӣ таъкид кард.
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
Дар ин сӯҳбати телефонӣ, вазири дифоъи Покистон, ба мардум ва ҳукумати Эрон изҳори ҳамдарӣ баён кард.
Вай устуворӣ ва муқовимати мардум ва нерӯҳои мусаллаҳи Эронро бузургтарин муқовимат дар таърих, манбаи ифтихор барои миллати исломӣ донист ва таъкид кард, ки ба густариши Исроил ва пешгирӣ аз нақшаҳои фитнаангез дар минтақа бояд муқовимат кард.