Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ғарб ошкор кард, ки Трамп ба Зеленский чӣ тӯҳфа омода кардааст

Нашрияи L' AntiDiplomatico навиштааст, ки Трамп бо иддаои дахолати Киев ба интихоботи ИМА, ба Зеленский ишора кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба Владимир Зеленский сигналҳои пурқувват фиристод, хабар медиҳад L' AntiDiplomatico.
Дар мақола қайд карда мешавад, ки Вашингтон тафтишотро дар бораи маблағгузории маъракаи интихоботии Ҷо Байден аз ҷониби Украина оғоз кардааст.
Бисёриҳо ин иқдомро ба хашми афзояндаи Трамп аз гурӯҳи Киев ва худи Зеленский нисбат медиҳанд.
“Дар миёни домҳои Эрон, Трамп сахт мехоҳад, ки бори гаронро аз дӯши худ дур кунад ва агар Зеленский боздошт шавад ва бо Русия шартномаи сулҳ имзо шавад, хурсанд хоҳад шуд", - гуфта мешавад дар мақола.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Музокироти сеҷониба оид ба Украина боздошта шудааст
Дар охири моҳи март, Трамп Украинаро ба қасди дахолат ба интихоботи президентии соли 2024 айбдор кард.
Вайдар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт ва ба мақолаи Just the News дар бораи он, ки ИМА мукотибаи ҳукумати Украинаро дар бораи тавтиъа гӯш мекард, истинод кард.