Дар Суғд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад

Дар вилояти Суғд барои рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои муҳим андешида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар вилояти Суғд чанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии мацомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар як қатор корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақа бо саҳми гуруҳи ширкатҳои “Фаровон” якчанд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли равғани растании ширкати “Ирода-инвест” таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то200 тонна арзёбӣ мегардад. Дар ин коргоҳ равған аз донаи офтобпараст, чигит ва дигар зироатҳои равғандеҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир истеҳсол карда мешавад.
Ҳамзамон, гуруҳи ширкатҳои “Фаровон” нақша дорад, ки дар самти коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон лоиҳаҳои навро амалӣ намояд.
Бино ба иттилои масъулин, корхонаи нав қобилияти коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз ва беш аз 200 ҳазор тонна дар як сол дорад.
Аз маориф то саноат: Раҳмон дар Масчоҳ чӣ ифтитоҳ кард?
Ҳамчунин раиси вилоят дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нави ширкати “Фатир Агро” шинос шуд.
“Тибқи маълумот, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани корхона, имкони коркарди то1000 тонна гандум дар як шабонарӯз фароҳам мегардад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70% анҷом ёфта, дар назар аст, ки он то ҷашни35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, дар шаҳраки Ғафуров боз як корхонаи нави саноатӣ бо саҳми ширкати “Зартахта” бунёд гардида истодааст.
Корхона бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири аз Чин воридгардида муҷаҳҳаз мегардад.
Дар он истеҳсоли плитаҳои сементӣ-нахӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори шабонарӯзии он 2–2,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаи саноат муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳо рушди минбаъдаи соҳа таъмин карда шавад.
Вай илова кард, ки бо татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, сатҳи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор беҳтар мегардад.