ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп зимни суханронӣ дар зиёфати Пасха дар Кохи Сафед гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида набояд ба низоъ дар Украина дахолат мекард.
"Медонед, мо набояд ба Украина дахолат мекардем; он ҳазорҳо километр дуртар, дар он тарафи уқёнус аст. Мо як президенти аблаҳ доштем. Ӯ ба онҳо 250 миллиард доллар дод ва дар иваз ҳеҷ чиз нагирифт, ба онҳо ин қадар пул дод, ин қадар лавозимоти ҷангӣ сарф кард", - гуфт ӯ.
Ҳафтаи гузашта Трамп изҳор дошт, ки агар ӯ ба ҷои президенти собиқи ИМА Ҷо Байден президент мебуд, ба Киев кӯмак намерасонд.
Русия бовар дорад, ки таъмини силоҳ ба Украина монеъи ҳалли масъала мегардад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман дар низоъ ҷалб мекунад ва ин иқдом "бозӣ бо оташ" аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб барои музокирот шароити мусоид фароҳам намеорад ва танҳо таъсири манфӣ мерасонад.