ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаааст.
Дар ин бора, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ноҳия гуфт.
Ин миқдор коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ давоми панҷ соли охир ба баҳрабардорӣ расидааст.
Ҳамин тавр, бо истифодаи кори ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Кишвардор зимни суханронии худ аз соҳаи кишоварзии ноҳия ёдрас шуда, гуфт, ки ин соҳа низ бомаром рушд ёфта истодааст.
"Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам овард, ки шумораи зиёди аҳолии деҳот бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад", - гуфт раисиҷумҳур.
Ин раванд ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, афзуд кишвардор.
Президент ҳамчунин аз мардуми Мастчоҳ тавсиф крада, гуфт, ки воқеан мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар зарфи ҳафтод соли гузашта заминҳои беобу гиёҳ, яъне чӯлистони Дилварзинро имрӯз ба гулистон табдил додаанд.