Тоҷикистон ба вилояти Красноярски Русия наздик ба 65 тонна меваи хушк содирот кардааст

Мақомоти вилояти Красноярски Русия хабар додааст, ки аз аввали сол аз Тоҷикистон ба ин минтақа наздики 65 тонна меваи хушк ворид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Таҳти назорати Росселхознадзор аз Тоҷикистон ба вилояти Красноярск 22,5 тонна меваи хушк ворид карда шудааст.
Мутахассисони Идораи Росселхознадзор дар қаламрави Красноярск 20 март воридоти меваи хушки омехта аз Тоҷикистонро дар анбори нигоҳдории муваққатии Агротерминал-Гумрук тафтиш карданд.
Тавре дафтари матбуоти Идораи Росселхознадзори Красноярск хабар додааст як бастаи меваи хушк, ки тавассути роҳи заминӣ ба Русия ворид карда шуд, мавриди тафтиш қарор гирифт.
Ин баста иборат 22,5 тонна меваи хушки омехта будааст.
“Тибқи натиҷаҳои санҷиши фитосанитарӣ, дар ин бастаи хушкмеваҳо ягон олудашавӣ аз организмҳои карантинӣ ошкор нашудааст”, - таъкид шудааст дар хулосаи мутахассисони филиали Красноярски Муассисаи буҷетии федералии давлатии Марказӣ федералии баогузории бехатарӣ ва сифати маҳсулоти кишоварӣ.
Қайд карда шудааст, ки меваи хушки омехта аз Тоҷикистон ба талаботи фитосанитарии Русия мувофиқат карда, барои фурӯш бароварда шуд.
Тиҷорат сар шуд: Балҷувон ба содироти меваи хушк мепардозад
Аз аввали соли 2026 ин сеюмин бастаи маҳсулотест, ки мустақиман аз Тоҷикистон ба минтақа ворид шудааст. Қаблан, 19,8 тонна ангур ва 22,5 тонна меваи хушк ба минтақа ворид карда шуда буд.
Дар маҷмуъ аз аввали сол аз Тоҷикистон ба ин вилояти Русия 64,8 тонна меваи хушк ворид гардидааст.
Онҳо ба талаботи Федератсияи Русия мувофиқат карда, барои фурӯш бароварда шуданд.