https://sputnik.tj/20250912/baljuvon-korkhona-korkardi-mevai-khushk-1071115039.html
Тиҷорат сар шуд: Балҷувон ба содироти меваи хушк мепардозад
Тиҷорат сар шуд: Балҷувон ба содироти меваи хушк мепардозад
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин маротиба аз ноҳияи Балҷувон низ меваи хуш содирот хоҳад шуд 12.09.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-09-12T17:38+0500
2025-09-12T17:38+0500
2025-09-12T17:38+0500
саноат
дар тоҷикистон
балҷувон
содирот
меваи хушк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/72/1031497291_0:156:3040:1866_1920x0_80_0_0_eaebffb749ae5a0fa21c4137f30076f6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Балҷувон корхонаҳои истеҳсоли афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк ба кор даромаданд.Ин корхонаҳо зимни сафари кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ифтитоҳ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.Гуфта мешавад, ки корхонаи муосири саноатӣ барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Адҳами Холбобо бунёд шудааст.Барои коркарди маҳсулот дар корхонаи мазкур ду хатти технологӣ насб шудааст, ки тавассути он дар як рӯз 1000 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот ва 15 ҳазор қуттии мураббои себ истеҳсол мешавад.Дар баробари ин дар ноҳияи Балҷувон ба далели афзоиши талабот ба афшӯраи меваю сабзавот ва меваи хушк майдони боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалзор васеъ мегарданд.Акнун меваю гиёҳҳои шифобахши боғу ҷангалзори ноҳия дар ин корхонаи муосир бо сифати баланд коркард шуда, бо тамғаи Файзи Балҷувон ба мизоҷон пешниҳод мешавад.Дар корхонаи навтаъсис аз меваю гиёҳҳо зиёда аз 25 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошанд.Дар баробари ин дар деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаҳои нави истеҳсоли орд ва равған, кушода шуд.Корхонаҳои истеҳсолӣ дар Маҷмааи саноатии ноҳияи Балҷувон дар масоҳати зиёда 1 гектар аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо арзиши 9 млн сомонӣ сохта шудаастҲамин тавр, бо оғози фаъолияти 4 корхонаи саноатӣ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.Тибқи иттилоъ дар корхонаҳои тозабунёд истеҳсоли 40 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор рақобатпазир буда, дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ ҳамзамон содирот мешавад.
балҷувон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/72/1031497291_174:0:2867:2020_1920x0_80_0_0_254e0d0ca3deb1b6a576ba59f78ebfd8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саноат, дар тоҷикистон, балҷувон, содирот, меваи хушк
саноат, дар тоҷикистон, балҷувон, содирот, меваи хушк
Тиҷорат сар шуд: Балҷувон ба содироти меваи хушк мепардозад
Аввалин маротиба аз ноҳияи Балҷувон низ меваи хуш содирот хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Балҷувон корхонаҳои истеҳсоли афшӯраи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк ба кор даромаданд.
Ин корхонаҳо зимни сафари кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ифтитоҳ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки корхонаи муосири саноатӣ барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Адҳами Холбобо бунёд шудааст.
Барои коркарди маҳсулот дар корхонаи мазкур ду хатти технологӣ насб шудааст, ки тавассути он дар як рӯз 1000 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот ва 15 ҳазор қуттии мураббои себ истеҳсол мешавад.
Дар баробари ин дар ноҳияи Балҷувон ба далели афзоиши талабот ба афшӯраи меваю сабзавот ва меваи хушк майдони боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалзор васеъ мегарданд.
Акнун меваю гиёҳҳои шифобахши боғу ҷангалзори ноҳия дар ин корхонаи муосир бо сифати баланд коркард шуда, бо тамғаи Файзи Балҷувон ба мизоҷон пешниҳод мешавад.
Дар корхонаи навтаъсис аз меваю гиёҳҳо зиёда аз 25 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошанд.
Дар баробари ин дар деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаҳои нави истеҳсоли орд ва равған, кушода шуд.
Корхонаҳои истеҳсолӣ дар Маҷмааи саноатии ноҳияи Балҷувон дар масоҳати зиёда 1 гектар аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо арзиши 9 млн сомонӣ сохта шудааст
Ҳамин тавр, бо оғози фаъолияти 4 корхонаи саноатӣ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.
Тибқи иттилоъ дар корхонаҳои тозабунёд истеҳсоли 40 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор рақобатпазир буда, дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ ҳамзамон содирот мешавад.