Дар Душанбе чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд: видео

Рӯзҳои 10–11 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ баргузор шуд
Sputnik
Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи гӯштингирӣ дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам овард.
Дар ҷараёни чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат карданд.
Ғолибони мусобиқот ҳуқуқ пайдо карданд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ намоянд.
Аввалин Қаҳрамонии куштии ҷаҳон дар Душанбе чӣ гуна гузашт
Ҳамзамон, бо мақсади рушди гӯштингирӣ миёни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон, рӯзҳои 12–13 феврал дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки инчунин рӯзҳои 7-8 феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо ва Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш рӯзҳои 14-15 феврал дар Душанбе доир мешавад.
Иштироки мунтахаби Русия дар аввалин Чемпионати ҷаҳони гуштингирӣ дар Тоҷикистон
Ҳамчунин, аз 10 то 15 феврал дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон), бахшида ба хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Ҳалимов доир мегардад.