ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд.
Дар ин бора, вазири маърифати Русия Сергей Кравтсов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мо нақша дорем, ки ду филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро барои омода кардани мутахассисони синфҳои ибтидоӣ ифтитоҳ кунем. Мо инчунин барномаи густурдаи такмили ихтисоси омӯзгоронро дорем. Ҳоло ҳудуди 700 омӯзгор аз Тоҷикистон ин давраро хатм кардаанд. Мо ин барномаро тавсеа хоҳем дод", - гуфт Кравтсов.
Ба гуфтаи ӯ, ин барои мактаббачагони тоҷик имкониятҳои нав фароҳам меорад, то ба таҳсили босифат дастрасӣ дошта бошанд.
"Ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар мактабҳои Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон як иқдоми муҳим хоҳад буд. Ин иқдом ба ташкили омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва дастрасии хатмкунандагони мактабҳо ба таҳсилоти миёнаи касбии босифат мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ амал мекунанд.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.
Гузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, бо маблағгузории Русия сохта шудаанд. Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.