Гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Душанбе - видео

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ёдбуди Рӯдакӣ як чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор шуд
Sputnik
Дар Боғи фарҳангии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, донишҷӯёну хонандагон ва дӯстдорони фарҳанг ва илму адаб ширкат намуданд.
Маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд.
Маълум шуд, ки Раҳмон Темур Зулфиқоровро чӣ гуна қадрдонӣ кардааст
Ёдовар мешавем, ки Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ, Одамушшуаро ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад.
Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯдакӣ ноҳия ва хиёбону маҳаллаҳои зиёд номгузорӣ шудаанд.
Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видео
Ҳайкалҳои зиёди бунёдгузори шеъри форсӣ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар поягузорӣ шудааст. Оромгоҳи ин шоир дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ҷоизаи давлатӣ дорад ва ҳамчунин акси ӯ рӯйи банкноти 500 сомониро зеб медиҳад.