Имзои даҳ санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус

Дао Душанбе мақомоти Тоҷикистон ва Белорус дар бахши кишоварзӣ ба маблағи беш аз 16 миллион доллар қарордод имзо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар доираи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ даҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи 16 миллион доллар ба имзо расид.
Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистон ва Беларус ба заминаи бунёдии шарикӣ ва иттифоқи боэътимоди ду мамлакат, таъмиқи робитаҳои истеҳсолӣ ва илмию техникӣ табдил ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки густариши минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ бар асоси талаботи манфиати мардумони ду давлат равона шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҳамкории иқтисодӣ — мубодилаи мол мебошад. Байти Тоҷикистону Беларус ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷӣ 2,2 фоизро ташкил дод, ки дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии мамлакати мо ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд.
Бино бар иттилои иттилои вазорати кишоварзии Белорус, гардиши мол миёни ду кишвар бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ аз моҳи январ то июли соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152% афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон ва Белорус густариши ҳамкориҳоро дар машваратҳои сиёсӣ баррасӣ карданд
Дар ҳамин ҳол, содироти Беларус 154% афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти асосии содирот гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (7,2 баробар), тухм (4 баробар зиёд), шакар, маҳсулоти ширӣ ва чорвои зинда мебошад.
Ба воридот меваҳои хушк ва чормағз дохил мешаванд.
Вазири кишоварзии Точикистон иброз намуд, ки баргузории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳо ва дигар самтҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи рушди чорводории ду кишвар ибрози андеша намуда, афзуданд, ки Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи чорводорӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
Инчунин ҷониби Тоҷикистон истифодаи таҷрибаи Белорусро барои рушди чорвопарварӣ мувофиқи мақсад донистанд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳҳои январ-июни соли 2025 аз Беларус 1056 сар чорвои калони шохдор оварда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2024 42%зиёд аст.
Шоҳиён: Тоҷикистон бо Белорус шарикони стратегӣ мебошанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов гуфт, ки дар оянда ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, кооператсияи саноатӣ, саноати сабук ва дорусозӣ бештар мегардад.
Ҳамчунин мақомоти ду кишвар ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Иштирокдорон омодасозии кадрҳоро барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.