Зимни ифтитоҳи он роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокаш мебошанд.
Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасонии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе муаррифӣ мекунанд.
Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд баргузории чунин намоишгоҳҳо ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии мамлакат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин "Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе" ("Dushanbe International Tourism Exhibition" (DITE) аз 25 то 27 сентябри соли 2024 баргузор шуда буд.
Дар он 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳри давлатҳои хориҷӣ ва 90 ширкати ватанӣ иштирок карда, маҳсулот ва химатрасонияшонро муаррифӣ намуда буданд.