Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2025 чи гуна гузашт? – видео

Финали футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар – ТадАЗ” ва “Эсхата” шоми дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо шуру ҳаяҷони зиёд доир шуд
Sputnik
Дар варзишгоҳи ба номи “20 солагии Истиқлолият” дар Хуҷанд беш аз 13 ҳазор тамошобин ба ҳисоби Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовинонаш иштирок доштанд. Ҷараёни бозиро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон инъикос мекард.
Дар тули 45 дақиқаи аввалӣ бозӣ бозикунони дастаи “Регар – ТадАЗ” ба дарвозаи “Эсхата” ду гол ба самар расониданд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев дардақиқаи 7-ум ва Самандар Қодиров дар дақиқаи 21-уми бозӣ ба номи худ сабт намуданд.
Се голи дигарро футболозони шаҳри Турсунзода дар нимаи дуюми дидор ба дарвозаи хуҷандиҳо ворид карданд. Муаллифи ин ду гол Шуҳрат Элмуродов буда голи дигарро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи (90+7) ба самар расонд.
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Ба ин тартиб клуби футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода дар бозии финалӣ дастаи бонкдории "Эсхата"-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод ва бори бори ҳаштум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
“Эсхата” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, бори 16-ум дар бозии ниҳоииин мусобиқот иштирок намуда, дар ҳаштоаш пирӯз шудааст. Аз ҷумла ду соли ахирпайиҳам регариҳо барандаи Ҷоми Тоҷикистон мешаванд.
"Ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан душвор аст": мусоҳиба бо сармураббии нави "Саразм" Мубин Эргашев
Соли қаблӣ дар финал бар дастаи “Хуҷанд” ва имсол бар тими “Эсхата” пирӯз шуданд.
Дар поёни мусобиқот ба футболбозони дастаи “Эсхата” медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи “Регар – ТадАЗ” Ҷом, медалҳои тилло ва маблағи ҷоизапулӣ ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.