Русия ба кӯдакони Душанбе маҷмуаи бузурги адабиёт ҳадя кард

Ба боғчаи бачагони пойтахт китобҳои таълимии забони русӣ барои бачагони хурдсол, инчунин адабиёти бадей фиристода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. "Хонаи рус" ба боғчаи бачагони шаҳри Душанбе маҷмуаи калони адабиёт туҳфа кард.
Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" хабар додааст.
Муассисаи томактабии "Дунёи ширин", ки дар он кӯдакони аз 2 то 6-сола таҳсил мекунанд, нусхаҳои китобҳои таълимии барои кӯдакони хурдсол, инчунин адабиёти бадеиро дастрас намуданд.
"Китоб ҳамсафари вафодори кӯдак дар роҳи донишу бозёфт аст. Кӯдакон тавассути китобхонӣ орзу кардан, андеша намудан ва омӯхтани ҷаҳонро ёд мегиранд. Мо аз ин тӯҳфаи арзишманд, ки ҳар рӯз ба тарбиятгирандагони мо илҳом мебахшад, миннатдорем",- таъкид кард мудири кӯдакистон Замира Эрматова.
Қаблан хонандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Хуҷанд як силсила асбобҳои таълимӣ гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, “Хонаи русӣ” дар Хуҷанд 300 адад нашрияро барои кӯдакон ҳадя кард. Гуфта мешавад, ки китобҳо ба мактаби мусиқии кӯдаконаи рақами 2 ба номи Б.Ниёзов ва мактаби санъати бачагонаи ба номи Л.Шералӣ дода шудаанд.
Нашрияҳо аз антологияҳо оид ба таълими фортепиано ва скрипка, дастурҳо оид ба вокал ва равоншиносии мусиқӣ, таърихи санъат, инчунин маводҳо оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва санъати ороишӣ ва амалӣ иборатанд.