ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурутсӣ гузориш медиҳад.
Аз навгониҳои ташхис то мудели намунавии кумак
Бино ба гузориши Вазорат мудели намунавии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ то имрӯз дар Маркази саломатии ноҳияи Данғара, Душанбе ва вилояти Суғд оғоз гардидааст.
Дар давоми шаша моҳ дар соҳа 39 навгониҳо, аз ҷумла дар 7 навигарӣ дар самти ташхис ва 32 усули ҷадид дар самти табобат дар амал ҷорӣ гаштаанд.
Ҳамчунин, дар давраи сипаригашта аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 115 муассисаи тандурустӣ таъмир гардиданд,
Дар ин муддат 192 мутахассис дар муассисаҳои хориҷ аз курсҳои омӯзишӣ гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 5 нафар зиёд мебошад.
Супоришҳои вазир ба масъулин
Абдуллозода барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ ба масъулон супоришҳои қатъӣ додааст.
Ҳамчунин зимни натиҷагирӣ як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таъминоти кадрӣ, баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисон, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва пешгирии фавти модару кӯдак баррасӣ шудааст.