Наимов пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард: ӯ Градро шикаст дод

Размикори тоҷик дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзи майдон эълон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муҳаммад Наимов, размикори номовари тоҷик дар муҳорибаи навбатияш дар UFC Fight Night пирӯз шуд.
Ҳарифи навбатии ӯ дар вазни то 65,8 кило Богдан Град австралиягӣ буд.
Ин дидор шаби 21-юми июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуда, рақобат се давр 15 дақиқа давом кард.
Наимов дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.
Ин ғалаба барои варзишкори тоҷик 13-ум дар корномааш дар баробари се бохт аст. Дар умум ӯ дар UFC панҷ набард доир кард, ки дар ҷаҳортояш пирӯз шуд.
Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC моҳи феврали аввали сол доир карда, дар он низ намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дода буд.
Қабл аз он ӯ дар июни соли 2024 аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.
Раҳимов медали биринҷии худ аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро ба президент бахшид
Пас аз пирӯзии ахир дар шарҳи ин мағлубияташ гуфт, ки он замон ин ҳарифро чандон ҷидди нагирифта буд ва омодагии ҷиддӣ надошт. Ӯ таъкид кард, ки агар дигарбора бо бразизӣ вориди ҳашткунҷа шаванд пирӯз хоҳад шуд.
Муҳорибаи сеюмашро вай дар Мехико моҳи феврали соли 2024 доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.
Пештар аз он, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.
Наимов 30 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.