https://sputnik.tj/20250622/naimov-piruzii-navbatiyashro-dar-ufc-ba-dast-ovard-u-gradro-shikast-dod--1068355148.html
Наимов пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард: ӯ Градро шикаст дод
Наимов пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард: ӯ Градро шикаст дод
Sputnik Тоҷикистон
Размикори тоҷик дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзи майдон эълон гардид
2025-06-22T14:52+0500
2025-06-22T14:52+0500
2025-06-23T11:45+0500
муҳаммад наимов
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:42:1080:650_1920x0_80_0_0_991ad820ef90a911dc62023bb86707c1.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муҳаммад Наимов, размикори номовари тоҷик дар муҳорибаи навбатияш дар UFC Fight Night пирӯз шуд.Ҳарифи навбатии ӯ дар вазни то 65,8 кило Богдан Град австралиягӣ буд.Ин дидор шаби 21-юми июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуда, рақобат се давр 15 дақиқа давом кард.Наимов дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.Ин ғалаба барои варзишкори тоҷик 13-ум дар корномааш дар баробари се бохт аст. Дар умум ӯ дар UFC панҷ набард доир кард, ки дар ҷаҳортояш пирӯз шуд.Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC моҳи феврали аввали сол доир карда, дар он низ намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дода буд.Қабл аз он ӯ дар июни соли 2024 аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.Пас аз пирӯзии ахир дар шарҳи ин мағлубияташ гуфт, ки он замон ин ҳарифро чандон ҷидди нагирифта буд ва омодагии ҷиддӣ надошт. Ӯ таъкид кард, ки агар дигарбора бо бразизӣ вориди ҳашткунҷа шаванд пирӯз хоҳад шуд.Муҳорибаи сеюмашро вай дар Мехико моҳи феврали соли 2024 доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.Пештар аз он, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.Наимов 30 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.
https://sputnik.tj/20250621/rahimov-medal-birinji-qahramonii-judoi-jahon-prezident-bakhshid-1068334596.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:41:1080:851_1920x0_80_0_0_75d4454ce59398d37a21a5ea1182cb8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наимов пирӯз ufc градро шикаст
наимов пирӯз ufc градро шикаст
Наимов пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард: ӯ Градро шикаст дод
14:52 22.06.2025 (Навсозишуда: 11:45 23.06.2025) Размикори тоҷик дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯзи майдон эълон гардид
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муҳаммад Наимов, размикори номовари тоҷик дар муҳорибаи навбатияш дар UFC Fight Night пирӯз шуд.
Ҳарифи навбатии ӯ дар вазни то 65,8 кило Богдан Град австралиягӣ буд.
Ин дидор шаби 21-юми июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир шуда, рақобат се давр 15 дақиқа давом кард.
Наимов дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.
Ин ғалаба барои варзишкори тоҷик 13-ум дар корномааш дар баробари се бохт аст. Дар умум ӯ дар UFC панҷ набард доир кард, ки дар ҷаҳортояш пирӯз шуд.
Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC моҳи феврали аввали сол доир карда, дар он низ намояндаи Австралия Каан Офлиро шикаст дода буд.
Қабл аз он ӯ дар июни соли 2024 аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.
Пас аз пирӯзии ахир дар шарҳи ин мағлубияташ гуфт, ки он замон ин ҳарифро чандон ҷидди нагирифта буд ва омодагии ҷиддӣ надошт. Ӯ таъкид кард, ки агар дигарбора бо бразизӣ вориди ҳашткунҷа шаванд пирӯз хоҳад шуд.
Муҳорибаи сеюмашро вай дар Мехико моҳи феврали соли 2024 доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.
Пештар аз он, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.
Наимов 30 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.