Муҷозот барои барқ, пиряхҳо ва ҳосили медалҳо: моҳи май дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд

Моҳи гузашта бо пурзӯр шудани муҷозот барои истифодаи ғайриқонунии барқ, дастовардҳои варзишӣ, конфронси байналмилалӣ ва сафарҳои мақомот ба Русия хотирмон буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Моҳи май дар Тоҷикистон аз рӯйдодҳои гуногун бой буд, аз ҷумла навгониҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар бахши ҷустуҷӯи кӯдакони гумшуда ва назорати ҷиддӣ дар бахши энергетика, конфронси байналмилалӣ оид ба пиряхҳо дар Душанбе ва сафарҳои намоёни раисиҷумҳури кишвар ва раиси парлумон ба Маскав.
Дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳои муҳими моҳи май — дар маводи Sputnik Тоҷикистон.

Ҷашни 80-солагии Ғалаба

Аввали моҳи май дар Тоҷикистон 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил шуда, аҳамияти ин санаро барои таърих ва хотираи миллӣ ёдрас кард. Рӯзи 8 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони ҳукумат ва собиқадорон маросими гулгузорӣ баргузор шуд. Ид бо гузашти низомии қариб 4,5 ҳазор сарбозу афсар, аз ҷумла воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия анҷом ёфт.
Рӯзи дигар, 9 май дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” баргузор шуд, ки дар он садҳо шаҳрвандон бо аксҳои хешовандон- иштирокчиёни ҷанг ширкат доштанд. Иштирокдорон ба сӯи боғи Ғалаба ҳаракат карда, эҳтиром нисбати корнамоии аҷдодони худро намоиш доданд.
Дар чорабинии мазкур хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201 ва намояндагони сафорати Русия фаъолона ширкат варзиданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз анҷоми чорабиниҳои тантанавӣ дар ватан ба Маскав парвоз кард, ки дар он ҷо бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба гузашти густурдаи низомӣ баргузор шуд.
Путин ва Раҳмон ба Паради Ғалаба дар Маскав омаданд
Қариб сад нафар афсарони тоҷик ҳангоми гузашти низомӣ аз Майдони Сурх гузаштанд. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро дар гузашти низомӣ бригадаи сайёри десантии ҳуҷумӣ, ки ба он подполковник Рустам Шарифзода фармондеҳӣ мекунад, намоядагӣ кард. Аз ин рӯ, иштироки Раҳмон як иқдоми муҳими сиёсӣ ва рамзӣ гардид, ки ҷонибдонии Тоҷикистон ба муносибатҳои иттифоқӣ бо Русия ва ҳифзи хотираи таърихии корнамоии мардуми шӯравиро тасдиқ мекард.
Сарвари ҷумҳурӣ дар қатори дигар раҳбарони кишварҳои ИДМ ба Маскав даъват шуда буд, вале нозирон қайд карданд, ки дар ҷараёни парад ба Раҳмон дар паҳлӯи Владимир Путин ва Си Ҷинпин ҷои махсус дода шуд.
Дар маҷмӯъ, сафари раҳбари Тоҷикистон ба Маскав ва ширкати ӯ дар чорабиниҳои тантанавӣ дар Кремл ҳамчун идомаи ҷараёни таҳкими ҳамкориҳои анъанавии иттифоқӣ арзёбӣ шуд. Дар маҷлиси расмӣ баъди гузашти низомӣ Раҳмон аз саҳми бузурги халқи тоҷик дар ғалаба бар фашизм ёдовар шуд. Ба қавли раисиҷумҳур, пос доштани хотираи Ғалаба ва эҳтиром ба собиқадорон қарзи маънавии ҳар як насл боқӣ мемонад.

Пурзӯр шудани қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика

Моҳи май Тоҷикистон тадбирҳои мубориза бо талафоти нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза тақвият дод. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар баъзе ноҳияҳо талафоти нерӯи барқ аз 50% зиёд аст. Ширкати "Барқи тоҷик" аз зиёни даҳҳо миллион сомонӣ хабар дода, инро ҳам ба фарсудашавии шабакаҳои барқӣ ва ҳам ба пайвастани ғайриқонунӣ ба шабакаҳо ва халалдор сохтани кори ҳисобкунакҳо вобаста донист.
Ва баъди тасвиби қонун дар бораи ҷавобгарии ҷиноӣ барои пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, мақомот як маъракаи густардаеро бо ҷалби Вазорати корҳои дохилӣ, ширкатҳои энергетикӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ оғоз кард. Ҳадаф аз он иборат аст, ки талафоти нерӯи барқ то ҳадди имкон кам карда, назорат дар ин соҳа пурзӯр карда шавад.
Президент имзо кард: Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии барқ зиндон мекунанд
Вазорати корҳои дохилӣ аллакай ба нашри гузоришҳои видеоӣ ва аксҳо дар бораи рейдҳои якҷоя бо намояндагони ширкатҳои энергетикӣ дар манобеъи расмӣ шурӯъ кардааст. Танҳо дар нимаи аввали моҳ садҳо ҳодисаҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ, чи дар сектори хусусӣ ва чи дар иншооти тиҷоратӣ ошкор карда шуданд.
Дар рафти рейдҳо дар шаҳрҳои калон ва як қатор қишлоқҳо даҳҳо ҳолати барқдуздӣ дар қаҳвахонаҳо, коргоҳҳои мошиншуӣ, устохонаҳо, гармхонаҳо ва майдончаҳои сохтмонӣ ошкор карда шуданд. Нисбат ба вайронкунан-дагон парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ кушода мешаванд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, афзоиши назорат дар соҳа ба чанд омил вобаста аст. Аввалан, ин қарзи афзояндаи ширкати "Барқи тоҷик" аз бонкҳои давлатӣ ва қарздиҳандагони беруна, аз ҷумла корпоратсияҳои чиноӣ мебошад, ки дар навсозии инфрасохтор ширкат кардаанд. Сониян, дар заминаи содироти устувори нерӯи барқ ба Узбекистон ва Афғонистон, ҳукумат саъй дорад, ки истеъмоли дохилии нерӯи барқро беҳбуд бахшад ва даромаднокии бахши энержиро афзоиш диҳад.
Мақомот таъкид мекунанд, ки тадбирҳои ҷорӣ на як амали муваққатӣ, балки як ҷузъи стратегияи дарозмуддати баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикӣ мебошанд.

Ҳосили калони медалҳои варзишгарони тоҷик

Дар соҳаи варзиш комёбиҳои боксчиён ва размикорони якҳарбаҳои шарқӣ махсусан зиёд буданд. Чунончӣ, муштзанҳои то 22-сола дар қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка ду тилло ва ду нуқра ва кикбоксчиёни ҷумҳурӣ дар Ҷоми ҷаҳонии WAKO дар Анталия якбора 36 медал ба даст оварданд.
Илова бар ин, дар 21-умин Қаҳрамонии байналмилалии оид ба каратэ-до годзю-рю, ки дар Куала-Лумпур баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон 8 медали тилло, 1 нуқра ва 11 медали биринҷӣ ба даст овард. Дастаҳои наврасону ҷавонон бошад, дар мусобиқаи бузурги байнулмилалии таэквондо даҳ ҷоиза, – панҷ тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар Тошканд баргузор шуд ва беш аз ҳазор ширкаткунанда аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро гирди ҳам овард.
Мадина Қурбонзода дар Ҷоми Осиё-2025 медали тило гирифт
Ҳамчунин гуштингирон ҳам моҳи гузашта ғолибиятҳои намоён ба даст оварданд. Масалан, ҷудочиён дар Ҷоми Осиё оид ба Ҷудо се медали арзишҳои гуногун ба даст оварданд ва дастаи Ҷиу-ҷитсу дар мусобиқот дар Узбекистон бошад, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард.
Комёбиҳои варзишии Тоҷикистон бо ин тамом нашуданд - моҳи май дастаи футболи ҷавонон (U-16) дар қаҳрамонии CAFA U-17 Championship-2025 ширкат дошт. Даста омордагии хуб ва бозии ҷолиб нишон дода, ғолиби мусобиқа гардид.

Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил ёфт

Аз 29 то 31 май дар пойтахти Тоҷикистон нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд. Дар чорабинӣ беш аз 2,6 ҳазор ширкаткунанда аз 90 кишвар ва 70 созмон, аз ҷумла намояндагони СММ, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), олимон, экологҳо ва сиёсатмадорон гирди ҳам омаданд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар 50 соли ахир аз 14 ҳазор пирях дар ҳудуди кишвар қариб 1,3 ҳазор аз байн рафтааст. Суръати обшавии пиряхҳо аз рӯи масоҳат 0,6—0,8 фоиз ва дар як сол аз рӯи ҳаҷм 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин боиси кам шудани захираҳои об мегардад ва ин махсусан барои Осиёи Миёна, ки пиряхҳо зиёда аз 70 миллион аҳолиро бо об таъмин мекунанд, хеле муҳим аст.
Таъсиси ду озмоишгоҳ барои санҷиши пирях ва об дар Тоҷикистон
Ин конфронс дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки Маҷмаи умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон эълон кардааст, баргузор шуд.
Хусусиятҳои асосии чорабинӣ вохӯриҳои сеҷонибаи ғайрирасмии намояндагони соҳибкорӣ, илм ва ниҳодҳои давлатӣ мебошанд, ки ба иштирокчиён имкон доданд, ки стратегияҳои самараноки ба эътидол овардани вазъи бӯҳронӣ дар муҳити ҷаҳониро баррасӣ кунанд.

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия

Аз 27 то 29 май раиси порлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ як сафари расмӣ ба Русия анҷом дод. Барномаи сафар аз мулоқотҳо бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин иборат буд.
Зимни суҳбат бо раҳбари Русия Рустами Эмомалӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон таманниёти беҳтарин ироа кард. Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ баррасӣ карданд.
Ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ҳамин тариқ, Рустами Эмомалӣ барои дастгирии лоиҳаҳо дар Душанбе, аз қабили сохтмони бинои Театри давлатии Русия ба номи В.Маяковский ва Маркази кӯдакони лаёқатманди "Сириус" изҳори сипос кард.
Мулоқоти хосаи Рустам бо Путин: Аз муҳоҷират то тарғиби фарҳанги русӣ
Сипас ӯ сафари худро дар Сочи идома дод ва дар он ҷо аз макони асосии "Сириус" дидан кард, ки аз рӯи намунаи он муассиса дар Душанбе сохта мешавад.
Дар ҷараёни сафар раиси порлумон бо Валентина Матвиенко низ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки башардӯстона ва тарғиби забони русиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ва ҳамчунин Рустами Эмомалӣ бо Володин ҷалби сармояи Русия ва танзими масоили муҳоҷират дар сатҳи қонунгузориро баррасӣ кардааст.

Бо як сархат

Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби ислоҳот ба Кодекси ҷиноӣ масъулияти ҷиноӣ барои дидани матолиби мамнӯъ дар интернет, аз ҷумла барои гузоштани “лайк” ва репостҳоро лағв кард. Сарвари давлат қаблан ин таҷрибаро танқид карда буд. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 1507 нафар барои чунин қонуншиканиҳо муҷозот шудаанд.
Раёсати ВКД-и пойтахти Тоҷикистон бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба ҷустуҷӯи писарону духтарони ноболиғ, ки бедарак шудаанд, як таҷрибаи нав – нашри аксҳои онҳоро ҷорӣ кардааст. Бо ин усул дар як моҳ чанд нафарро зуд пайдо карданд.
Дар Душанбе ҷашнвораи густурда бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори Рустами Эмомалӣ пешниҳод ва соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ тасдиқ шудааст, таҷлил шуд. Дар тамоми шаҳрҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона доир гардида, собиқ нимҳимоятгари дастаи "Челси" Ҷон Оби Микел меҳмони фахрӣ буд.
Муфтии Тоҷикистон аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанду ба зарардидагон кумак кунанд
Дар Тоҷикистон санаи ҷашни Иди Қурбон расман эълон шуд. Ҳамин тариқ, тибқи қарори Шӯрои уламо, имсол он рӯзи 6-уми июн таҷлил мешавад ва намози идона дар тамоми масоҷиди кишвар соати 5:45 оғоз мешавад.
Моҳи май дар шоҳроҳи Душанбе-Чанак чанд садамаи ҷиддии маргбор рух дод. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар як муддати кӯтоҳ аз чанд ҳодисаи фоҷеаборе хабар дод, ки дар онҳо ронандаҳо идораро аз даст дода, мошинҳо ба ҷарӣ афтодаанд. Дар ҳоли ҳозир дар шоҳроҳи асосии Тоҷикистон корҳои изофӣ барои огаҳӣ ва таъмини амният идома дорад.