Путин ва Раҳмон ба Паради Ғалаба дар Маскав омаданд

© Sputnik / Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и иностранные лидеры на военном параде в честь 80-летия Победы
Президент РФ В. Путин и иностранные лидеры на военном параде в честь 80-летия Победы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон имсол дар тантана дар Майдони Сурх меҳмони фахрӣ шуд. Раҳбари Тоҷикистон дирӯз дар доираи як сафар вориди Маскав шуд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ омаданд.
Раҳмон имсол дар тантана дар Майдони Сурх меҳмони фахрӣ шуд. Раҳбари Тоҷикистон як рӯз пеш дар доираи як сафар вориди Маскав шуд.
Дар навор дида мешавад, ки Путин ва Раҳмонро дар Кремл пеш аз оғози гузашти низомӣ пешвоз гирифту гуфтугӯ карданд. Президентҳо сӯҳбати кӯтоҳе анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9 май ба Маскав раҳбарони 29 кишвари ҷаҳон омада буданд. Дар парад ба ҷуз раисиҷумҳури Тоҷикистон сарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Босния ва Ҳерсеговина, Бразилия, Буркина-Фасо, Венесуэла, Ветнам, Гвинеа-Бисау, Миср, Зимбабве, Чин, Конго, Куба, Лаос, Муғулистон, Мянма, Фаластин, Сербия, Словакия, Гвинеяи Экваториалӣ, Эфиопия, Осетияи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Никарагуа ва Африқои Ҷанубӣ ширкат доранд.
Паради Ғалаба дар Майдони Сурх — пахши мустақим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2025
Гузашти низомии таърихӣ бахшида 80-умин солгарди Ғалаба дар Маскав – видео
Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалабаи бузург воҳидҳои паради 13 кишвар аз Майдони Сурх мегузаранд: Озарбойҷон, Ветнам, Беларус, Миср, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Мянма, Туркманистон ва Узбакистон.
Тоҷикистонро имсол ҳудуди 100 афсари нерӯҳои мусаллаҳ намояндагӣ мекунанд.
Шумораи умумии иштирокчиён аз 10 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Шом дар Маскав оташбозии идона барпо мегардад, ки дар он даҳ ҳазор оташак истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0