Коҳиши беш аз 14 дарсадии сатҳи бекорӣ дар қаламрави ИИАО

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи 684,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё тамоюли коҳишёбӣ дорад.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон дар охири моҳи март 684,4 ҳазор нафар бекор ба қайд гирифта шудаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3% кам мебошад.
Дар маҷмӯъ сатҳи бекорӣ дар қалмрави кишварҳои узви ИИАО дар сатҳи 0,7% қарор гирифтааст.
Хамин тавр ба иттилои манбаъ, бекорӣ дар қаламрави Иттиҳод тамоюли камшавӣ дорад.
ИИАО барои бисёр кишварҳо шарики боэътимод шуда истодааст - коршинос
Маврид ба зикр аст, ки дар ИИАО бозори ягонаи меҳнат вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи раҳбари Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Алтинай Омурбекова ба шаҳрвандони кишварҳои узв имтиёзҳои бузург фароҳам месозад, ки чунин аст:
Барои шаҳрвандони кишварҳои ИИАО квотаҳои меҳнатӣ равбт надорад;
Ба онҳогирифтани иҷозати махсуси корӣ лозим нест;
онҳо метавонанд дар давлате кор мекунанд, бидуни кайд 30 рӯз монанд;
ба онҳо барои пайдо кардани кор ва бастани шартномаи меҳнатӣ 90 рӯз муҳлат дода мешавад;
Дар сурати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ баъди 90 рӯз барои пайдо кардани кор 15 рӯзи дигар дода мешавад.
Вай инчунин гуфт, ки суғуртаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО ба ҳамон ҳаҷм ва ба ҳамон тартибе, ки барои шаҳрвандони давлати шуғл пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.