Сафир Семён Григорев медали "80-солагии Ғалаба"-ро ба собиқадори меҳнат Екатерина Леонидова, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, тақдим кард.
Дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Екатерина Леонидова ҳамагӣ 10-сола буд ва аз рӯзҳои аввал ҳамроҳи дигар фарзандони деҳот барои ҷабҳа кор мекард.
Ҳамагӣ пас аз ду сол ӯ тарошкориро аз худ кард ва дар як корхонаи низомӣ кор кард. Ҳоло Екатерина Леонидова 93-сола аст, солҳост, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар корхонаи ётоқонбарории (подшибник) Куйбашев корашро давом дода, соли 1957 ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Душанбе кучид.
Дар ин ҷо солҳои зиёд дар фабрикаи "Гулдаста" ҳамчун дӯзанда кор карда, барои комёбиҳои меҳнатиаш бо ордени "Нишони Фахрӣ" мукофотонида шудааст.
Собиқадори меҳнат ба меҳмонон "музей"-и худро низ нишон дод — тахтаҳои рангуборшудаи ошхона, кошук ва дигар асбобу анҷоми рузгор ҷамъ мекунад, коллексия ӯ аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина иборат аст.