Субҳи барвақт дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид.
Ҳамчунин субҳ "Корвони наврӯзӣ" бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид.
Инчунин бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт баргузории як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад.
Дар рӯзҳои ҷашн бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос мегарданд.
Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ асарҳои рассомон, ҳунари дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо намоиш дода мешаванд.
Имсол Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, бо барномаҳои пуршукуҳи идона вамаҳфилҳои ҳунарӣ таҷлил мегардад.