Вазорати нақлиёт вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард пайгирӣ мекунад

Вазорати нақлиёт ба масъулин супориш додааст, ки вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард пайгирӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ фавран ба тоза кардани роҳҳо шурӯъ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёт Тоҷикистон ба асари боришоти барфу борон ва фаромадани тарма дар роҳҳо ба масъулин супориш додааст, ки вазъият дар роҳҳои автомобилгардро пайваста пайгирӣ намоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Тибқи пешгӯии Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳафзи муҳити зисти Тоҷикистон, моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои сард бо боришот дар шакли борон ва барф пешгӯӣ мешавад, ки ин метавонад боиси фаромадани тарма гардад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, борон ба афзоиши сарборӣ ба нишебии пурбарф мусоидат мекунад ва сабаби ҳаракати тарма мегардад.
Бинобар ин Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои маҳаллии нигоҳдории роҳҳо супориш додаст, ки вазъиятро дар роҳҳои автомобилгард пайгирӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ фавран ба тоза кардани роҳҳо шурӯъ намоянд.
Тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ 7 нафарро зер кард
Ҳамзамон Вазорати нақлиёт ба ронандагон тавсия додааст, ки аз сафар дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳо бидуни зарурати шадид худдорӣ намоян ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ чораҳои эҳтиётиро қатъиян риоя кунанд.
Ҳамчунин вазорат хостааст, ки пеш аз баромадан ба роҳ ронандагон ҳатман дар бораи обу ҳаво, ҳолати роҳҳо ва хатари фаромадани тарма маълумот гиранд.
“Ҳангоми ҳаракат дар минтақаи кӯҳӣ ё дар қитъаи хатарноки роҳ бояд фосилаи байни мошинҳо, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар кардаанд, қатъиян риоя карда шавад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ҳамчунин вазорат аз ронадагон хостааст, ки ба аломатҳои огоҳкунандае, ки аз ҷониби муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар ҷойҳои эҳтимолии тармафароӣ ва фурӯпошии барф гузошта шудаанд, диққат намоянд.
“Агар дар пеш аз сабаби хавфи фаромадани тарма эҳтимоли баста шудани роҳ бошад, ин огоҳиро нодида нагиред. Беҳтар аст, ки то боз шудани роҳ дар наздикии маҳалли аҳолинишин, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё ягон ҷои дигари нисбатан гарму бароҳат мунтазир шавед”, - огаҳӣ додааст вазорати нақлиёт.
Роҳ самти шимоли Тоҷикистонро 14 тарма баст
Ҳамчунин вазорат тавсия додааст, ки агар тӯдаи барф дар назди мошин ба роҳ афтад, ронанда набояд кӯшиши "рахна" сохтани онро кунед. Беҳтар аст, ки таваққуф намояд ва нишебиҳои кӯҳро аз назар гузаронед.
“Агар заррае хатари фаромадани тармаро эҳсос кардед, бояд пас гардед ва ба ҷои амн равед”, - қайд намудааст манбаъ.
Агар ба гуфтаи ваззорати нақлиёт барф рӯи мошин фурӯ резад ва онро пурра пӯшонад, бояд фавран муҳаррикро хомӯш кард. Инчунин то ҷое имкон ҳаст, бояд дарро боз кард, то "ҷайби" ҳавоӣ фароҳам сохта шавад, ки ба ронанда имкон медиҳад нафас кашед ва аз зери барф берун шавад.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки агар барф болои мошин рехта, вале онро пурра напӯшонда блошад, ронанда бояд мусофиронро ба ҷои амн бирасонад. Сипас, ба хадамоти кӯмак занг занад ва кӯшиш кунад, ки мошинро аз "асирӣ" озод намоед.