Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт

Слалом, архивное фото
Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбин чор лижарон намояндагӣ карданд, вале натавонистанд муваффақ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Бозиҳои 9-уми зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт.
Ин мусобиқа аз 7 то 14 феврал идома кард ва Тоҷикистонро чор варзишгар: Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд.
Аз миёни 58 иштирокчӣ дар лижаронии кӯҳӣ варзишгарони тоҷик дар кӯшиши якум 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм 32, 34, 35 ва 37-ум шуда ба марра расиданд.
Медали тилло насиби варзишгари 23 солаи ҷопонӣ Такаюки Кояма бо нишондоди 43.29 сония гардид. Медали нуқраро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҷунг Донгён бо нишондоди 44,08 сония соҳиб шуд. Медали биринҷиро Парк Юн аз Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 44.33 сония соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик бидуни медал 9-умин Бозиҳои зимистонаи Осиёиро дар Ҳарбин ба анҷом расониданд.
Открытие сезона в Сафед Даре
Ифтитоҳи роҳи нави танобӣ: Оғози мавсими лижаронӣ дар Тоҷикистон - акс
Аз ҳисоби медалҳо кишвари мизбон Чин бо 85 медал дар ҷои аввал қарор гирифт. Кореяи Ҷанубӣ бо 45 медал дар ҷои дуюм ва Ҷопон бо 37 медал дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Варзишгарони Қазоқистон дар ин мусобиқа 20 медал гирифтанд ва ҷои чорумро аз худ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд. Мусобиқаи 8-уми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шудааст.