https://sputnik.tj/20250215/boziho-zimiston-osiyo-varzishgaron-tojik-bebaror-1066240885.html
Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт
Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбин чор лижарон намояндагӣ карданд, вале натавонистанд муваффақ шаванд 15.02.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-02-15T15:16+0500
2025-02-15T15:16+0500
2025-02-17T11:59+0500
дар тоҷикистон
бозиҳои осиёӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102445/87/1024458770_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_764ee9c49eee5439fe906e22cdcd8f85.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Бозиҳои 9-уми зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт.Ин мусобиқа аз 7 то 14 феврал идома кард ва Тоҷикистонро чор варзишгар: Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд.Аз миёни 58 иштирокчӣ дар лижаронии кӯҳӣ варзишгарони тоҷик дар кӯшиши якум 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм 32, 34, 35 ва 37-ум шуда ба марра расиданд.Медали тилло насиби варзишгари 23 солаи ҷопонӣ Такаюки Кояма бо нишондоди 43.29 сония гардид. Медали нуқраро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҷунг Донгён бо нишондоди 44,08 сония соҳиб шуд. Медали биринҷиро Парк Юн аз Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 44.33 сония соҳиб шуд. Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик бидуни медал 9-умин Бозиҳои зимистонаи Осиёиро дар Ҳарбин ба анҷом расониданд.Аз ҳисоби медалҳо кишвари мизбон Чин бо 85 медал дар ҷои аввал қарор гирифт. Кореяи Ҷанубӣ бо 45 медал дар ҷои дуюм ва Ҷопон бо 37 медал дар мақоми сеюм қарор гирифт.Варзишгарони Қазоқистон дар ин мусобиқа 20 медал гирифтанд ва ҷои чорумро аз худ карданд.Ёдовар мешавем, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд. Мусобиқаи 8-уми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шудааст.
https://sputnik.tj/20231229/roh-nav-tanob-mavsimi-lizharon-tojikiston-aks-1061126901.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102445/87/1024458770_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_51ac69ba3c0a4396da8ae6b50bf281a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозиҳои осиёӣ, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, бозиҳои осиёӣ, навигариҳои варзиши тоҷикистон
Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт
15:16 15.02.2025 (Навсозишуда: 11:59 17.02.2025) Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбин чор лижарон намояндагӣ карданд, вале натавонистанд муваффақ шаванд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Бозиҳои 9-уми зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбини Чин барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт.
Ин мусобиқа аз 7 то 14 феврал идома кард ва Тоҷикистонро чор варзишгар: Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд.
Аз миёни 58 иштирокчӣ дар лижаронии кӯҳӣ варзишгарони тоҷик дар кӯшиши якум 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм 32, 34, 35 ва 37-ум шуда ба марра расиданд.
Медали тилло насиби варзишгари 23 солаи ҷопонӣ Такаюки Кояма бо нишондоди 43.29 сония гардид. Медали нуқраро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҷунг Донгён бо нишондоди 44,08 сония соҳиб шуд. Медали биринҷиро Парк Юн аз Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 44.33 сония соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик бидуни медал 9-умин Бозиҳои зимистонаи Осиёиро дар Ҳарбин ба анҷом расониданд.
Аз ҳисоби медалҳо кишвари мизбон Чин бо 85 медал дар ҷои аввал қарор гирифт. Кореяи Ҷанубӣ бо 45 медал дар ҷои дуюм ва Ҷопон бо 37 медал дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Варзишгарони Қазоқистон дар ин мусобиқа 20 медал гирифтанд ва ҷои чорумро аз худ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд. Мусобиқаи 8-уми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шудааст.