Кумитаи занон: Дар Тоҷикистон издивоҷу талоқ кам шудааст

Корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғоти густурда миёни аҳолӣ аз ҷониби мақомот натиҷааш паст шудани сатҳи оилавайронӣ дар ҷумҳурӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикисон аз раванди коҳиши издивоҷ ва пастшавии мизони азҳампошии оилаҳо хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти хабарияш гуфт, ки соли 2024 дар кишвар 75197 издивоҷ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба соли 2023 1247 ҳолат камтар аст.
Файзиддинзода афзуд, ки мизони талоқ низ коҳиш ёфта, дар ин давра 9 ҳазор ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ҳудуди ҳазорто камтар шудааст.
Дар Тоҷикистон шумори касбҳои мамнуъ барои занонро зиёд карданиянд
Таъкид мешавад, ки дар ин давра ба кумита 3200 шикоят ва муроҷиати марбут ба зӯровариро ворид шудааст.
Аз ин шумора ба иттилои Файзиддинзода 2652 шикоят алайҳи мардон ва 554 шикоят нисбат ба занон аст.