ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Рӯзи 20 январ маросими савгандёдкунии раисҷумҳури нави ИМА Доналд Трамп баргузор шуд. Давраи дуввуми раёсати ӯ ва худи ӯ аз давраи аввал, пеш аз ҳама, дар пешгӯинашаванда будан ва иғвоангезие, ки дар вуҷуди Трамп ба сатҳи нав расидааст, фарқ хоҳад кард. Ба ҳар ҳол мисоли тамоми сиёсати дохилӣ ва берунии ИМА дар давоми чанд соли охир.
Бар замми ин, ӯ маъмуриятеро иборат аз афроде ташкил дод, ки онҳоро метавон бо нармӣ ҳамчун одамони аҷиб тавсиф кард ва онҳо дар сиёсати Ғарб як давраи нав мекушояд, ки дар он технологияҳои сиёсӣ, шоу-бизнес, ғайриодӣ будан ва авомгароии шадид омехта шудааст.
Ва ҳарчанд Осиёи Марказӣ дар канори манфиатҳои Вашингтон қарор дорад, савгандёдкунии Трамп ва раёсати ояндаи Трамп ба он низ таъсир хоҳад дошт. Биёед кӯшиши арзёбӣ кунем, ки маъмурияти нави Трамп ба ҷаҳон ва минтақа чӣ хоҳад овард.
Муҳоҷирон – дафъ, ҷинс - ду
Изҳороти иғвоангезонаи Трамп ва атрофиёни сиёсие, ки ӯ дар иҳотаааш дар Кохи Сафед интихоб кардааст, асоси ғояҳои авомгароии ростгаро доранд, ки дар пасманзари рӯзномаи ифротӣ, ки бо истилоҳи пешрав маъруфият пайдо кардааст ва он қисман аз ҷониби маъмурияти қаблии Трамп низ пеш бурда мешуд.
Ин авомгароӣ пеш аз ҳама дар ташаббусҳои азим ва қариб боварнашаванда (мисоли дар давоми се рӯз хотима додан ба муноқишаи Украина, ҳамроҳ кардани қаламрави кардани Гренландия ё ба як иёлати дигари ИМА табдил додани Канада) увайдо мегардад, ки онҳоро ҳатман анҷом додан ҳам зарурат нест.
Бар замми ин таҳрик додан ва бунёди иғвои тарсҳои иҷтимоӣ, ба монанди хатари муҳоҷирон. Биёед ҳоло баъзе маълумот ва изҳоротро пешниҳод кунем, ки онҳоро ҳамчун дастур барои амалҳои сиёсати нави ИМА арзёбӣ кардан мумкин аст.
Масалан, моҳи майи соли гузашта, бино ба иттилои Wall Street Journal, Трамп қасд дошт ҳудуди 15-20 миллион муҳоҷирро аз кишвар ихроҷ кунад. Ин 3 фоизи шумораи умумии тамоми "сектори" ғайриқонунии аҳолии ИМА мебошад. Гузашта аз ин, тавре расонаҳо навиштаанд, Трамп ҳатто ният дорад дар кишвар вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кунад ва барои ин ҳадаф артишро сафарбар кунад. Ин сиёсат метавонад ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар он ҷо дар муҳоҷиратанд, низ таъсир расонад.
Хабаргузории АП аз ӯ иқтибос овардааст, ки гуфтааст: "Дар рӯзи аввал ман бузургтарин барномаи ихроҷкуниро дар таърихи Амрико барои аз байн бурдани ҷинояткорон оғоз мекунам."
Трамп ҳамчунин гуфт, "биёед онҳоро ҳарчӣ зудтар аз кишварамон берун кунем" ва воқеан дар соатҳои аввали савгандёдкунӣ ӯ омодагии худро барои фиристодани воҳидҳои низомӣ барои посбонӣ дар марз бо Мексика, ки аксари муҳоҷирон аз онҷо ба ИМА ворид мешаванд, эълон кард. Ин муносибати ӯ нисбат ба муҳоҷирон сабаб шуд, ки мунақидон ӯро ҳадди ақалл ба бегонаситезӣ ва ҳатто дидгоҳҳои фашистӣ муттаҳам кунанд. Ин фикр бо ишораи тарафдори ӯ Илон Маск ҳангоми маросими савгандёдкунӣ боз ҳам амиқтар шуд, ки он ишорааш ба саломи фашистӣ монанд буд.
Агар дар бораи авомгароӣ сухан ронем, он гоҳ барҳам додани рӯзномаи "прогрессиви"-и чап, яъне эътироф накардани якчанд гендер ва ҷинс, ба истиснои марду зан, ҷолиб буд. Доналд Трамп ваъда додааст, ки баъди ба мақом расидан ҳама барномаҳои инклюзивиро дар ҳукумати федеролӣ баста, таърифи ҷинси биологии шахсро дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар хоҳад кард.
"Дар замони маъмурияти Трамп, сиёсати расмии ҳукумати ИМА танҳо ду ҷинсро эътироф мекунад: мард ва зан. Он қадар мураккаб садо намедиҳад, ҳамин тавр?" - гуфт шӯхикунон Трамп дар чорабинии TurningPoint AmericaFest 2024.
Ҷумҳурихоҳ қаблан ваъда низ дода буд, ки дар Иёлоти Муттаҳида "девонагии трансгендерҳоро хотима медиҳад". Моҳи декабр ҳангоми суханронӣ дар Аризона Трамп изҳор дошт, ки ӯ фармонҳоро дар бораи ҷилавгирӣ аз "маъюбсозии кӯдакон тавассути ҷарроҳии тағйири ҷинс" имзо хоҳад кард ва ваъда дод, ки "трансгендерҳоро аз артиш, макотиби ибтидоӣ, миёна ва олӣ хориҷ мекунад" ва ба иштироки мардҳо дар варзиши занона хотима мебахшад.
Бояд иброз дошт, ки раёсати қаблиаш нишон медиҳад, ки рафтори Трамп дар ин масъала комилан яксон аст, - дар давраи президентии аввали худ, ӯ ба таври қонунӣ хидмати трансгендерҳоро дар артиш манъ кард, ки ин ҳуқуқро дар давраи президентии Обама дар соли 2016 гирифта буданд. Ва агар соли 2019 шумораи низомиёни трансгендер дар артиши 1,3 миллион нафараи ИМА тақрибан 14,7 ҳазор нафарро ташкил медод, пас дар соли 2021 танҳо 2,2 ҳазор нафар низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА нишонаи "дисфорияи гендерӣ" доштанд.
Вашингтон сарҳадҳоро васеъ мекунад
Қаблан, ба сиёсати хориҷии Доналд Трамп як навъ инзиво ва худдорӣ аз машғул шудан ба фаъолиятҳои сершумор ва гаронарзиш дар саросари ҷаҳон хос буд. Ягона истисно Исроил буд, ки Вашингтон бо эътирофи Байтулмуқаддаси баҳсбарангез ба унвони пойтахти Исроил ва интиқоли сафорати Амрико ба қисмати шарқии давлат аз он ҳимоят мекард.
Ҳоло ин давраи сиёсати хориҷии Трамп 2.0-ро канорагир гуфтан душвор аст.
Инро метавон аз дидгоҳ ва сиёсати ӯ дар давраи нахустинаш дар робита ба масъалаи Фаластин равшан дидан мумкин аст. Бозгашти ӯ ба Коҳи Сафед метавонад таъсиси давлати Фаластинро комилан зери суол барад. Ҳамин тариқ, Трамп ҳуқуқи мардумро ба худмуайянкунӣ бо пахш кардани манфиатҳои онҳо маҳдуд мекунад.
Дар давоми камтар аз як ҳафта дар моҳи декабр ба ӯ муяссар шуд, ки даъвоҳои баргардонидани канали Панамаро зери назорати ИМА, ишғоли Гренландия ва аз Дания гирифтани он ва эълон кардани Канадаро ҳамчун як иёлоти дигари ИМА пешниҳод кард. Ба ҳамин мазмун ӯ боз табдили номи Халиҷи Мексика ба Халиҷи Амрико низ пешниҳод дошт.
Ва акнун шиори Трамп "сараввал Амрико" ба ҷои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои дохилӣ хусусияти мустамликадории таҷовузкорона дар тамоми қитъаи Амрикои Шимолиро касб карда истодааст. Ба ибораи дигар гӯем, маъмурияти нави ИМА ин ғояҳоро чун дастурамал қабул мекунад, ки Ғарб дар давоми даҳсолаҳои охир аз онҳо "ҷаҳонро озод карданӣ" буд.
Дар баробари ин, вақте сухан дар бораи барномаҳои байналмилалӣ дар кишварҳои дигар меравад, ки “нигоҳи амрикоиро ба ҷаҳон”-ро таблиғ мекунанд, дар ҳақиқат дар ин самт Трамп ҷиддӣ амал мекунад.
Чунончӣ, миллиардер Илон Маск ва соҳибкор Вивек Рамасвами - баъзе аз бозигарони калидӣ дар тими Трамп - дар маъмурияти нав Раёсати самаранокии ҳукуматро роҳбарӣ хоҳанд кард ва ваъда доданд, ки ба масъалаҳои хароҷоти буҷет таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва кам кардани грантҳои байналмилалиро ба созмонҳои ғайридавлатӣ эълон карданд, ки онҳо дар паҳн кардани "арзишҳои демократӣ" ба маблағи 1,8 миллиард доллар иштирок мекунанд.
Масалан, дар саҳифаи X-и шӯъбаи нав хондан мумкин аст, ки чӣ тавр USAID густариши арзишҳои ғарбиро ҳимоят мекунад, ва ташкилотро барои он интиқод мекунад, ки он ҳамасола 40 миллиард доллар пули андозсупорандагонро барои кӯмакҳои хориҷии дорои муҳтавои норавшан сарф мекунад.
Дар баробари ин гуфтан мумкин нест, ки худи Маск ба вазъият дар хориҷа тамоман таваҷҷӯҳ надорад. Баръакс, вай ошкоро аз мухолифони ростгарои Олмон "Алтернтива барои Олмон"-ро, ки дар худи Олмон ифротӣ ва ҳатто неонасистӣ маҳсуб мешавад, инчунин аз ҳизби авомгароёнаи рости Бритониёи Кабир Reform UK пуштибонӣ мекунад.
Омили Трамп ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?
Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Амрико авлавият надорад ва тағйири маъмурият ба стратегияи Вашингтон чандон таъсир намерасонад.
Бо вуҷуди ин, тасмимҳои куллии радикалии Трамп бешубҳа ба кишварҳои минтақа таъсир хоҳад кард. Ҳамин тариқ, ӯ дар соатҳои аввали раёсатҷумҳурии худ тасмим гирифт, ки кишварро аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хориҷ кунад.
Бо дарназардошти он, ки Иёлоти Муттаҳида яке аз бузургтарин сармоягузорони Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ буд (ки Трамп аз он норозӣ буд), бахше аз барномаҳои тиббии СҶТ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ихтисор ва ҳатто аз байн бурда шаванд.
Трамп фармонеро низ имзо кард, ки дар он кӯмакҳои рушди ИМА ба кишварҳои дигар барои 90 рӯз боздошта мешавад. Сухан дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ ва бунёдҳои гуногун ки "бо мақсади паҳн кардани арзишҳои демократӣ", инчунин барномаҳои бештар прагматикӣ ва курсҳои таълимӣ фаъолият доранд, дохил мешаванд.
"Минбаъд кӯмаки хориҷӣ аз Иёлоти Муттахида, агар ба сиёсати берунии президенти ИМА комилан мувофик набошад, расонда намешавад
Гузашта аз ин, дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон ба сиёсати глобалии ИМА барои ҷилавгирӣ аз рақибони геополитикии худ, яъне Русия ва Чин шомил шудаанд. Имрӯз вазифаи асосии ИМА дар Осиёи Марказӣ суст кардани мавқеъҳо ва бадном кардани Маскаву Пекин мебошад.
Дар стратегияи охирини ИМА оид ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2019-2025, ки дар давраи нахустини раёсати Трамп қабул шудааст, моддаҳои асосӣ таҳкими истиқлолияти кишварҳои минтақа, рушди иқтисодӣ ва шукуфоӣ ва ҳамчунин таҳкими арзишҳои демократӣ мебошанд.
Вошингтон имрӯз ба манфиатҳои худ дар минтақа тавассути технологияҳои “нарм”, аз қабили ҷангҳои равонӣ ноил мешавад. Ин сиёсат махсусан пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ва оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина пурқувват шуд.
Вашингтон фаъолияти худро бо афкори ҷамъиятӣ вусъат дода, захираҳоро дар ин роҳ бештар кард. Сафирони ИМА дар минтақа имрӯз афроде ҳастанд, ки дар чаҳорчӯби фаъолияти созмонҳои мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ дар кор бо афкори ҷамъиятӣ таҷрибаи ғанӣ доранд.
Бо вуҷуди ин, бо назардошти хоҳиши Трамп ва дастаи ӯ барои кам кардани маблағ ба USAID ва дигар бунёдҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин изҳороти ахири президенти тозаинтихоб дар рӯҳияи "ягон сент барои Афғонистон", саъю кушиши Коҳи Сафед дар ин самт ба эҳтимоли зиёд кам мешавад.
Аммо, Вашингтон ба таври ғайримустақим қодир аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистонро ба арсаи бархӯрди ҷаҳонӣ байни қудратҳои бузург ҷалб кунад. Агар Трамп тасмим бигирад, ки ба муқовимати ҷаҳонии тиҷоратӣ бо Чин ворид шавад, чуноне ки дар давраи аввали президентии ӯ буд, он гоҳ таҳримҳои зиддичинӣ бешубҳа ба кишварҳое равона хоҳанд шуд, ки наздиктарин шарикони тиҷории Чин ва қарзгирандагон аз он ҳастанд. Яъне нисбат ба дилхоҳ ҷумҳурии Осиёи Миёна.
Ин ҳамон тавре сурат хоҳад гирифт, ки дар оғози муноқишаи Украина, вақте ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ин ё он роҳҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ё муҳоҷират бо Русия алоқаманд буданд, аз таҳримҳои Ғарб зарар диданд.
Ва агар сенарияи ногувор ва манфитарин, яъне табдили муноқишаи тиҷорӣ ба ҷанги низомӣ ба назар гирем, пас Пекин бо сафарбар кардани нуфузи дипломатӣ метавонад ба қарздорони асосии худ (аз ҷумла Тоҷикистон) фишор оварад, то ки дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи Хитойро дастгирӣ кунанд.