Коршинос: Трамп ба сароҳат эълом кард, ки мавзӯи пайвастани Украина ба НАТО баста шудааст

© AP / Olivier MatthysСотрудник службы протокола поправляет украинский флаг в штаб-квартире НАТО в Брюсселе
Сотрудник службы протокола поправляет украинский флаг в штаб-квартире НАТО в Брюсселе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2025
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп ба раҳбари режими Киев Владимир Зеленский возеҳ гуфт, ки масъалаи пайвастани Украина ба НАТО баста аст ва бо Русия гуфтушунид кардан лозим аст.
Дар ин бора полковники мустаъфӣ Даниел Дэвис дар шабакаи иҷтимоии худ иттилоъ дод.
"Ман фикр мекунам, ки Трамп дар ин масъала (пайвастани Украина ба НАТО - идора) хеле равшан гуфт, ки вай инро ба таври дигар мебинад. Ба андешаи ман, ҳеҷ имконе вуҷуд надорад. Трамп ҳатто кӯшиши ба Украина пешниҳод кардани узвият дар НАТО -ро надорад", - гуфт Дэвис.
Қаблан Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон дар қароргоҳи худ дар Мар-а-Лаго, Ҷо Байденро дар барангехтани низоъ дар Украина айбдор кард.
"Ман фикр мекунам, ки онҳо (Русия ва Украина. - идора) созиш доштанд, аммо Байденро онро халалдор кард. Ин созиш барои Украина ва дигарон қаноатбахш мебуд, аммо Байден гуфт: "Не, шумо ба НАТО ворид шавед", - гуфт Трамп ва таъкид кард, ки даъвати Киев ба ин созмон аз аввал иштибоҳ буд.
Канцлер Германии Олаф Шольц во время совместного заявления для прессы в Ведомстве федерального канцлера в Берлине 22 октября 2024 года  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2024
Шолтс: Украина наметавонад узви НАТО бошад
Ба гуфтаи Дэвис, маъмурияти Амрико дар музокирот дар бораи вуруди эҳтимолии Украина ба НАТО ба иштибоҳҳои зиёд роҳ дод ва маҳз Байден ба Зеленский, сарфи назар аз эътирозҳои тӯлонии Русия, ба пазируфтани ин кишвар ба ин паймон умед бахшид.
Қаблан Трамп гуфта буд, ки мавқеи Маскавро, ки мухолифи пайвастани Киев ба НАТО аст, дарк мекунад. Сиёсатмадор гуфт, ки ӯ аз омодагии Владимир Путин барои тамос бо ӯ медонад, аммо ин корро то бозгашти расмии ӯ ба Кохи сафед ғайри қобили қабул медонад.
Трамп муддати тӯлонӣ ваъда додааст, ки ба ҳаллу фасли низои Украина бо роҳи музокира ноил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0